ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 12 апрел, чоршанбе, 102-юмин рӯзи соли 2023 аст
12 апрели соли 2022 Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Сарвазири тозаинтихоби Ҷумҳурии Исломии Покистон муҳтарам Шаҳбоз Шариф барқияи табрикӣ ирсол намуданд.
***
8 сол қабл, дар ин рўзи соли соли 2015 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Дэгуи Ҷумҳурии Корея дар Форуми ҳафтуми ҷаҳонӣ оид ба масъалаҳои об иштирок ва суханронӣ намуданд.
***
12 апрели соли 2013 Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо муовини Сарвазир-Вазири корҳои хориҷии Шоҳигарии Белгия Дидйе Рейндерс мулоқот намуданд.
***
Дар ин рӯзи соли 2011 Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Ёвари Котиби давлатии Иёлоти Муттаҳидаи Амрико оид ба масъалаҳои Осиёи Ҷанубӣ ва Марказӣ Роберт Блейкро ба ҳузур пазируфтанд.
***
12 апрели соли 2015 дар ҳошияи Форуми ҷаҳонии об дар шаҳри Дэгуи Ҷумҳурии Корея Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Туркманистон Гурбонгулӣ Бердимуҳаммадов мулоқот намуданд.
***
Дар ин рӯзи соли 2013 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Раиси Палатаи намояндагони Парлумони Федералии Белгия Андре Флау вохӯрӣ намуданд.
12 АПРЕЛ:
Рӯзи ҷаҳонии авиатсия ва кайҳоннавардон.
***
Дар Қазоқистон рӯзи кормандони илм.
РӮЙДОДҲО:
12 апрели соли 2022 дар Душанбе ҷаласаи Кумитаи тадорукоти Конфронси дуюми байналмилалии сатҳи баланд оид ба Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор», солҳои 2018-2028 баргузор гардид.
***
12 апрели соли 2019 дар шаҳри Душанбе бо иштироки ширкатҳои Федератсияи Русия таҳти унвони «Усулҳои пешқадам ва технологияҳои ҳифзи иттилоот» машварат доир гардид.
***
12 апрели соли 2018 Федератсияи футболи Тоҷикистон ва Ассотсиатсияи футболи Узбекистон оид ба ҳамкорӣ ва шарикӣ байни якдигар ба мувофиқа расиданд.
***
12 апрели соли 2016 таҳти раёсати Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Қоҳир Расулзода ҷаласаи шонздаҳуми Шӯрои машваратии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба беҳтар намудани фазои сармоягузорӣ баргузор гардид.
***
Дар ин рӯзи соли 1961 нахустин маротиба дар ҷаҳон кайҳоннаварди рус Юрий Гагарин ба кайҳон парвоз анҷом дод.
ДАР ИН РӮЗ ТАВАЛЛУД ШУДААНД:
Баҳодур Искандаров -соли 1912- олим, академики Академияи илмҳои Тоҷикистон, доктори илмҳои таърих, профессор, дорандаи Ҷоизаи давлатии ба номи Абӯалӣ ибни Сино
***
Ибодулло Файзулло — соли 1935- нависанда, рӯзноманигор, ходими ҷамъиятӣ, узви Иттифоқи нависандагони ва журналистони Тоҷикистон.