ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 12 апрел, чоршанбе, 102-юмин рӯзи соли 2023 аст

Апрель 12, 2023 08:00

12 апрели соли 2022 Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Сарвазири тозаинтихоби Ҷумҳурии Исломии Покистон муҳтарам Шаҳбоз Шариф барқияи табрикӣ ирсол намуданд.

 ***

8 сол қабл, дар ин рўзи соли  соли 2015 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Дэгуи Ҷумҳурии Корея дар Форуми ҳафтуми ҷаҳонӣ оид ба масъалаҳои об иштирок ва суханронӣ намуданд.

***

12 апрели соли 2013 Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо муовини Сарвазир-Вазири корҳои хориҷии Шоҳигарии Белгия Дидйе Рейндерс мулоқот намуданд.

***

Дар ин рӯзи  соли 2011 Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Ёвари Котиби давлатии Иёлоти Муттаҳидаи Амрико оид ба масъалаҳои Осиёи Ҷанубӣ ва Марказӣ Роберт Блейкро ба ҳузур пазируфтанд.

***

12 апрели соли 2015 дар ҳошияи Форуми ҷаҳонии об дар шаҳри Дэгуи Ҷумҳурии Корея Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Туркманистон Гурбонгулӣ Бердимуҳаммадов мулоқот намуданд.

***

Дар ин рӯзи соли 2013 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Раиси Палатаи намояндагони Парлумони Федералии Белгия Андре Флау вохӯрӣ намуданд.

12 АПРЕЛ:

Рӯзи ҷаҳонии авиатсия ва кайҳоннавардон.

***

Дар Қазоқистон рӯзи кормандони илм.

РӮЙДОДҲО:

12 апрели соли 2022 дар Душанбе ҷаласаи Кумитаи тадорукоти Конфронси дуюми байналмилалии сатҳи баланд оид ба Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор», солҳои 2018-2028 баргузор гардид.

***

12 апрели соли 2019 дар шаҳри Душанбе  бо иштироки ширкатҳои Федератсияи Русия таҳти унвони «Усулҳои пешқадам ва технологияҳои ҳифзи иттилоот» машварат доир гардид.

***

12 апрели соли 2018 Федератсияи футболи Тоҷикистон ва Ассотсиатсияи футболи Узбекистон оид ба ҳамкорӣ ва шарикӣ байни  якдигар ба  мувофиқа расиданд.

***

12 апрели соли 2016  таҳти раёсати Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Қоҳир Расулзода  ҷаласаи шонздаҳуми Шӯрои машваратии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба беҳтар намудани фазои сармоягузорӣ баргузор гардид.

***

Дар ин рӯзи соли 1961 нахустин маротиба дар  ҷаҳон кайҳоннаварди рус Юрий Гагарин ба кайҳон парвоз анҷом дод.

ДАР ИН РӮЗ ТАВАЛЛУД ШУДААНД:

Баҳодур Искандаров -соли 1912- олим, академики Академияи илмҳои Тоҷикистон, доктори илмҳои таърих, профессор, дорандаи Ҷоизаи давлатии ба номи Абӯалӣ ибни Сино

***

Ибодулло Файзулло — соли  1935- нависанда, рӯзноманигор, ходими ҷамъиятӣ, узви Иттифоқи нависандагони ва журналистони Тоҷикистон.

Апрель 12, 2023 08:00

Хабарҳои дигари ин бахш

ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 10 сентябр, панҷшанбе, 253-юмин рӯзи соли 2026 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 9 сентябр, чоршанбе, 252-юмин рӯзи соли 2026 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 8 сентябр, сешанбе, 251-умин рӯзи соли 2026 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 7 сентябр, душанбе, 250-умин рӯзи соли 2026 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 6 сентябр, якшанбе, 249-умин рӯзи соли 2026 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 5 сентябр, шанбе, 248-умин рӯзи соли 2026 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 4 сентябр, ҷумъа, 247-умин рӯзи соли 2026 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 3 сентябр, панҷшанбе, 246-умин рӯзи соли 2026 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 2 сентябр, чоршанбе, 245-умин рӯзи соли 2026 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 1 сентябр, сешанбе, 244-умин рӯзи соли 2026 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 31 август, душанбе, 243-юмин рӯзи соли 2026 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 30 август, якшанбе, 242-юмин рӯзи соли 2026 аст