ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 14 апрел, ҷумъа, 104-умин рӯзи соли 2023 аст
14 апрели соли 2022 Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо мақсади шиносоӣ бо вазъи зиндагии мардум, рафти корҳои ободониву созандагӣ, ифтитоҳи иншооти таъйиноти гуногун ва фаъолияти хоҷагиҳои деҳқонӣ ба вилояти Суғд ташриф оварданд.
***
Дар ин рўзи соли 2022 Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Панҷакент Қасри варзишии «Паҳлавонони суғдӣ»-ро, ки аз рӯи лоиҳаи зебову замонавӣ бунёд шудааст, мавриди истифода қарор доданд.
***
12 сол қабл, дар ин рўзи соли 2011 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо ҷараёни сохтмони қитъаи Душанбе-Данғараи роҳи мошингарди Душанбе-Қулма бо нақби Хатлон ва роҳи оҳани Душанбе-Хатлон аз наздик шинос шуданд.
14 АПРЕЛ:
Дар Ангола — Рӯзи ҷавонон.
РӮЙДОДҲО:
14 апрели соли 2018 дар шаҳри Душанбе бо дастури Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба хотири арҷ гузоштан ба шахсият ва гиромидошти ҷашни 140 – солагии Қаҳрамони Тоҷикистон, нахустин Президенти Академияи илмҳои Тоҷикистон ва Нависандаи халқии Тоҷикистон устод Садриддин Айнӣ осорхонаи ин адиби ифтитоҳ карда шуд.
***
14 апрели соли 2021 дар Осорхонаи миллии Тоҷикистон бахшида ба ҷашни 30-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Рӯзи илми тоҷик ва 143-солагии Қаҳрамони Тоҷикистон Садриддин Айнӣ таҳти унвони «Саҳми Садриддин Айнӣ дар рушди илму фарҳанги халқи тоҷик» намоиш ва конфронси илмӣ гузаронида шуд.
***
14 апрели соли 2015 дар Маркази илм ва фарҳанги Русия дар шаҳри Душанбе Рӯзҳои илми Русия дар Тоҷикистон доир гардид.
***
Дар ин рӯзи соли 2018 дар Душанбе ҷаласаи дуюми Кумитаи тадорукоти Конференсияи байналмилалии сатҳи баланд оид ба Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028» баргузор шуд.
***
Шаби 14-ум ба 15-уми апрели соли 1912 дар обҳои Атлантикаи Шимолӣ киштии бузурги «Титаник» ба яхпораи азим бархӯрда, ғарқ шуд. Дар натиҷаи он зиёда аз якуним ҳазор нафар ҳалок шуданд.
***
14-апрели соли 1983 дар Британияи Кабир нахустин радиотелефон ба фурӯш бароварда шуд.
ДАР ИН РӮЗ ТАВАЛЛУД ШУДААНД:
Сулаймон Юдаков-соли 1916- композитор, муаллифи оҳанги Суруди миллии Тоҷикистон