ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 16 апрел, якшанбе, 106-умин рӯзи соли 2023 аст

Апрель 16, 2023 08:00

16 апрели соли 2022 Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар идомаи сафари корӣ дар шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд ба ноҳияи Ашт ташриф оварданд.  

***

Дар ин рўзи  соли 2013 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Раиси Палатаи ҳисоби Федератсияи Русия Сергей Степашинро ба ҳузур пазируфтанд.

***

11 сол қабл, 16 апрели соли 2012  Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ  як қатор қонунҳо,  аз ҷумла қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи нотариати давлатӣ», «Дар бораи ташкилотҳои маблағгузории хурд», «Дар бораи низоми мақомоти идоракунии давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон», «Дар бораи муҳофизати растаниҳо», «Дар бораи фаъолияти инноватсионӣ» ва  «Дар бораи таҳсилоти иловагӣ»-ро   ба имзо расониданд.

16 АПРЕЛ:

Дар Арманистон- рӯзи кормандони милитсия.

***

Рӯзи ҳуқуқшиносон ва аввалин Конститутсия дар Булғористон.

***

Рӯзи ҷаҳонии овоз

РӮЙДОДҲО:

16 апрели соли 2001 дар Тоҷикистон корхонаҳои воҳиди давлатии «Тоҷикангишт» ва «Тоҷикгаз» таъсис дода шуданд.

***

Дар ин рўзи  соли 1997 дар Ҷумҳурии Тоҷикистон бо таваллуди тифле шумораи аҳолии Тоҷикистон ба   6 миллион нафар  расид.

***

16 апрели соли 2007 дар шаҳри Душанбе намоишгоҳи китобҳо бахшида ба таърихи пойтахт  ифтитоҳ карда шуд.

***

Дар ин рӯзи соли 2008 Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Қонун «Дар бораи дастрасӣ ба иттилоот»-ро қабул намуд.

***

Дар ин рўзи соли 2010 дар шаҳри Душанбе Фестивали байналмилалии театрҳои лӯхтак — «Чодари хаёл» баргузор гардид.

ДАР ИН РӮЗ ТАВАЛЛУД ШУДААНД:

 Қаҳҳор Маҳкамов — соли  1932 — ходими сиёсӣ ва давлатии  Тоҷикистон

***

Шукурҷон Зуҳуров- соли  1954 — ходими давлатӣ ва сиёсии Тоҷикистон

Апрель 16, 2023 08:00

Хабарҳои дигари ин бахш