ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 21 апрел, ҷумъа, 111-умин рӯзи соли 2023 аст
21 апрели соли 1997 Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ –Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон Фармон «Дар бораи пурзӯр кардани мубориза бар зидди терроризм»-ро ба имзо расониданд.
21 АПРЕЛ:
Рӯзи байналмилалии эҷодиёт ва фаъолияти инноватсионӣ
РӮЙДОДҲО:
21 апрели соли 2018 Ниммарафони IX байналмилалии Душанбе баргузор шуд, ки дар он тақрибан 50 варзишгар аз 18 кишвари олам ширкат намуданд. Ниммарафон, ки масофаи 21 километру 97 метрро дарбар гирифт, аз «Наврӯзгоҳ»-и пойтахт шуруъ шуда, дар назди ҳайкали Исмоили Сомонӣ ба поён расид.
***
Дар ин рӯзи соли 2018 бахшида ба Рӯзи пойтахт Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ бо намояндагони соҳаҳои маорифу тандурустӣ, кормандони раёсатҳои истифодаи роҳҳои пойтахт, мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва хонандагону донишҷӯёни болаёқати шаҳр мулоқот анҷом доданд.
***
21 апрели соли 2021 дар Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон рӯнамоии қисми 2 –юми китоби «Душанбе — қалби Тоҷикистон» доир гардид.
***
21 апрели соли 1936 Театри мусиқӣ-мазҳакавии Кӯлоб ба номи Саидалӣ Вализода таъсис ёфт.
***
21 апрели соли 2013 нахустин фестивал-намоишгоҳи коллексияҳои мошинҳо- «Авто-ретро Душанбе» дар шаҳри Душанбе баргузор гардид.
***
21 апрели соли 2005 корҳои сохтмонии НБО-и «Сангтӯда-1» оғоз гардид. Неругоҳ соли 2009 ба истифода дода шуд.
ДАР ИН РӮЗ ТАВАЛЛУД ШУДААНД:
Баҳодур Миралибеков — соли 1950- ҳунарпеша, дорандаи Ҷоизаи давлатии ба номи А. Рӯдакӣ