ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 22 апрел, шанбе, 112-умин рӯзи соли 2023 аст

Апрель 22, 2023 08:00

22 апрели соли 2019 Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо хабарнигорони шабакаи телевизиони “Сиситивӣ” (CCTV-русӣ), рӯзноманигорони Агентии иттилоотии “Синхуа” ва нашрияи бонуфузи “Женмин Жибао”-и Ҷумҳурии Мардумии Чин мусоҳиба анҷом доданд. 

***

Дар ин рӯзи соли 2016 дар ноҳияи Ёвон Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пеш аз ифтитоҳи як коргоҳи истеҳсоли варақаҳои гаҷӣ дар саҳни ҳавлии он барои бунёди боз ду корхона оид ба истеҳсоли рангҳои гуногун ва маводи нигоҳдорандаи гармӣ – пахташиша бо таъсиси 150 ҷойи корӣ санги асос гузоштанд.

***

14 сол қабл, дар ин рўзи соли 2009  Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон Вазири давлатии Ҷумҳурии Туркия Мустафо Саид Язиҷиоғлуро ба ҳузур пазируфтанд.

***

8 сол пеш, 22 апрели соли 2015 Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо аъзои Шӯрои амният, роҳбарони мақомоти ҳифзи ҳуқуқу тартибот, сохторҳои қудратӣ ва дигар шахсони масъул машварати корӣ доир намуданд.

22 АПРЕЛ:

Рӯзи байналмилалии Замин.

РӮЙДОДҲО: 

22 апрели соли 2022  дар қароргоҳи СММ дар ҳамкорӣ бо Дафтари зиддитеррористии СММ (UNOCT) ва Иттиҳоди Аврупо бори нахуст брифинги сатҳи баланд роҷеъ ба муаррифии «Стратегияи Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба муқовимат ба терроризм ва экстремизм барои солҳои 2021-2025» ва нақшаи амали он баргузор гардид. 

***

22 апрели соли 2012 дар Федератсияи Русия намояндагии КВД «Тоҷикхориҷакор» ба фаъолият оғоз намуд.

***

9 сол пеш, 22 апрели соли 2014  ҳайати Тоҷикистон дар шаҳри Сеул дар Форуми  «Ҷумҳурии Корея — Осиёи Марказӣ» иштирок намуд.

***

Дар ин рӯзи соли 2015 студияи телевизионии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба фаъолият оғоз кард.

***

22 апрели соли 1957 нахустин Маркази барқу гармдиҳии Душанбе ба кор шуруъ намуд.

***

Дар ин рӯзи соли 2019 дар шаҳри Санкт-Петербурги Федератсияи Русия ҳайати парлумонии Тоҷикистон дар ҷаласаҳои мухталифи Созмони Аҳдномаи амнияти дастҷамъӣ, Ассамблеяи байнипарлумонии давлатҳои иштирокчии ИДМ ва Конференсия оид ба мубориза бар зидди терроризми байналмилалӣ иштирок намуд.

***

22 апрели соли 2011 масоили густурдаи ҳамкории Тоҷикистон ва СММ муҳокима гардид.

Апрель 22, 2023 08:00

Хабарҳои дигари ин бахш

ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 4 декабр, чоршанбе, 339-умин рӯзи соли 2024 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 3 декабр, сешанбе, 338-умин рӯзи соли 2024 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 2 декабр, душанбе, 337-умин рӯзи соли 2024 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 1 декабр, якшанбе, 336-умин рӯзи соли 2024 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 30 ноябр, шанбе, 335-умин рӯзи соли 2024 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 29 ноябр, ҷумъа, 334-умин рӯзи соли 2024 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 28 ноябр, панҷшанбе, 333-юмин рӯзи соли 2024 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 27 ноябр, чоршанбе, 332-юмин рӯзи соли 2024 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 26 ноябр, сешанбе, 331-умин рӯзи соли 2024 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 25 ноябр, душанбе, 330-юмин рӯзи соли 2024 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 24 ноябр, якшанбе, 329-умин рӯзи соли 2024 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 23 ноябр, шанбе, 328-умин рӯзи соли 2024 аст