ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 26 апрел, чоршанбе, 116-умин рӯзи соли 2023 аст

Апрель 26, 2023 08:00

26 апрели соли 2021 Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар иҷлоси 77-уми Комиссияи иқтисодӣ ва иҷтимоии Созмони Милали Муттаҳид барои кишварҳои Осиё ва Уқёнуси Ором оид ба татбиқи Ҳадафҳои рушди устувор дар мавзуи  «Барқарорсозӣ пас аз буҳрон дар асоси усули «аз пештара ҳам хубтар» ва ҳамкории минтақавӣ дар Осиё ва Уқёнуси Ором», ки дар шакли маҷозӣ баргузор гардид, иштирок ва суханронӣ намуданд.

***

11 сол пеш, 26 апрели соли 2012 Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз Сафири нави Ҷумҳурии Озарбойҷон дар Тоҷикистон Аббосалӣ Карим уғлу Гасанов ва Сафири нави Британияи Кабир дар Тоҷикистон Робин Ҷереми Орд- Смит эътимоднома қабул намуданд.

***

26 апрели соли 2013 Сарвари давлат муҳтарам  Эмомалӣ Раҳмон мушовири давлатии Конфедератсияи Швейтсария Айвес Россиераро ба ҳузур пазируфтанд.

***

Дар ин рўзи соли 2019  Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва  Президенти Ҷумҳурии Озарбойҷон Илҳом Алиев зимни мулоқот дар ҳошияи Форуми дуюми ҳамкории байнламилалии “Як камарбанд — як роҳ” дар Чин вазъи феълии робитаҳои дӯстию ҳамкорӣ, рушду густариши робитаҳо дар бахшҳои нақлиёту транзит, кишоварзӣ ва  таъминоти сӯзишвориро  мавриди баррасӣ  қарор доданд.

26 АПРЕЛ:

Рӯзи байналмилалии поси хотири қурбониёни садамаи Чернобил.

***

Рӯзи умумиҷаҳонии моликияти зеҳнӣ. 

РӮЙДОДҲО:

 26 апрели соли 2019 Портали савдои Тоҷикистон-WWW. TAJTRАDE.TJ расман ифтитоҳ гардид

***

26 апрели соли 2014 дар Москва ҷаласаи  Иттиҳоди ташхисгарон дар мавзуи «Коҳиши сатҳи ҷиноят дар сафи ҷавонон тавассути паст кардани талаботи маводи нашъаовар дар асоси офият ва аз нав иҷтимоигардонии истеъмолкунандагони маводи нашъаовар» баргузор шуд.

***

13 сол пеш 26 апрели соли 2010 дар шаҳри Душанбе бо иштироки ҳунармандони санъати мусиқии ИДМ консерт баргузор гардид.

***

26 апрели соли 2018 гуфтушуниди сиёсии Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Исломии Покистон доир шуд.

***

26 апрели соли 1986 дар Неругоҳи ҳастаии Чернобил садама ба амал омад, ки мудҳиштарин садамаи ядроӣ  дар таърих  маҳсуб мешавад.

ДАР ИН РӮЗ ТАВАЛЛУД ШУДААНД:

Дилбар Умарова -соли 1949- ҳунарпешаи театру кино, Ҳунарпешаи халқии Тоҷикистон, узви Иттифоқи кинематографистони Тоҷикистон.

Апрель 26, 2023 08:00

Хабарҳои дигари ин бахш

ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 28 ноябр, панҷшанбе, 333-юмин рӯзи соли 2024 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 27 ноябр, чоршанбе, 332-юмин рӯзи соли 2024 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 26 ноябр, сешанбе, 331-умин рӯзи соли 2024 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 25 ноябр, душанбе, 330-юмин рӯзи соли 2024 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 24 ноябр, якшанбе, 329-умин рӯзи соли 2024 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 23 ноябр, шанбе, 328-умин рӯзи соли 2024 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 22 ноябр, ҷумъа, 327-умин рӯзи соли 2024 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 21 ноябр, панҷшанбе, 326-умин рӯзи соли 2024 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 20 ноябр, чоршанбе, 325-умин рӯзи соли 2024 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 19 ноябр, сешанбе, 324-умин рӯзи соли 2024 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 18 ноябр, душанбе, 323-юмин рӯзи соли 2024 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 17 ноябр, якшанбе, 322-юмин рӯзи соли 2024 аст