ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 29 апрел, шанбе, 119- умин рӯзи соли 2023 аст
29 апрели соли 2022 ба муносибати 30-солагии барқароршавии муносибатҳои дипломатӣ байнидавлатӣ мубодилаи барқияҳои табрикии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ -Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ва Подшоҳи Белгия Филипп доир шуд.
***
Дар ин рўзи соли 2021 таҳти раёсати Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси Ҳукумати мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон вобаста ба ҷамъбасти натиҷаҳои рушди иҷтимоию иқтисодии мамлакат маҷлиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид.
***
12 сол пеш, 29 апрели соли 2011 Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҷаласаи тантанавии 15-солагии Шӯрои ҷамъиятии Ҷумҳурии Тоҷикистон иштирок ва суханронӣ намуданд.
***
29 апрели соли 2013 Низомномаи таъйин намудани Стипендияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ тасдиқ гардид.
29 АПРЕЛ:
Рӯзи умумиҷаҳонии рақс.
***
Рӯзи гиромидошти хотираи қурбониёни силоҳи кимиёвӣ.
РӮЙДОДҲО:
29 апрели соли 2022 намояндагони корхонаҳои нассоҷӣ ва дӯзандагии Тоҷикистон дар намоишгоҳи «UzTextile Expo Весна 2022» иштирок намуданд.
***
29 апрели соли 2021 дар Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Созишномаи грантӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҷамъияти саҳомии кушодаи «Шабакаҳои тақсимоти барқ» ва Бонки Аврупоии Таҷдид ва Рушд, Созишномаи қарзӣ байни ҶСК «Шабакаҳои тақсимоти барқ» ва Бонки Аврупоии Таҷдид ва Рушд, инчунин Созишнома оид ба пешниҳоди кафолат байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Бонки Аврупоии Таҷдид ва Рушд барои маблағгузории лоиҳаи «Кам намудани талафоти неруи барқ дар вилояти Хатлон» ба имзо расонида шуд.
***
29 апрели соли 2015 Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Конвенсия оид ба пешгирии ҷинояти генотсид ва ҷазо барои он ҳамроҳ шуд.
***
Дар ин рўзи соли 2014 дар Душанбе масоили вобаста ба амнияти энергетикии Тоҷикистон мавриди муҳокима қарор дода шуд.
***
9 сол қабл, 29 апрели соли 2014 дар Тоҷикистон Шӯрои миллӣ оид ба аҳолӣ ва рушди он таъсис ёфт.
***
Дар ин рӯзи соли 2016 лоиҳаи Созишнома байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Булғористон оид ба ҳамлу нақли байналмилалии автомобилии мусофирон ва борҳо қабул карда шуд.
***
29 апрели соли 2016 дар мусобиқаи интихобии Осиё оид ба таэквондо WTF барои дарёфти роҳхат ба Бозиҳои олимпии Рио, ки дар пойтахти Филиппин- шаҳри Манила ба анҷом расид, ду варзишгари мамлакат соҳиби медали биринҷӣ гардид.
***
29 апрели соли 2019 дар хонаи кинои «Кохи Наврӯз» Фестивали филмҳои кореягӣ – 2019 ифтитоҳ ёфт.