ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 30 апрел, якшанбе, 120-умин рӯзи соли 2023 аст

Апрель 30, 2023 08:00

30 апрели соли 2001  Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Раиси Ассамблеяи Парламентии Созмони амният ва ҳамкорӣ дар Аврупо Адреан Северинро ба ҳузур пазируфтанд.

***

30 апрели соли 2015 зимни мулоқоти Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат,  Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам  Эмомалӣ Раҳмон ва Раиси Бонки миллии Швейтсария Томас Йордан масоили вобаста ба ҳамкории бисёрҷанбаи Тоҷикистон ва Швейтсария баррасӣ гардид.

30 АПРЕЛ:

Рӯзи кӯдак дар Мексика

***

Рӯзи сӯхторхомӯшкунандагон дар Русия

***

Зодрӯзи Подшоҳ дар Шветсия

***

Рӯзи байналмилалии санъати мусиқии ҷаз

РӮЙДОДҲО: 

 Дар ин рӯзи соли 2016 Бонки ҷаҳонӣ рейтинги кишварҳои ҷаҳон аз рӯи фоизи истеҳсоли неруи барқ аз сарчашмаҳои барқароршавандаи энергияро нашр намуд, ки Тоҷикистон дар он мақоми 6-умро касб кард.

***

 Дар ин рӯзи соли 2013 дар Душанбе ҷаласаи 11-уми Шӯрои машваратии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба беҳтар намудани фазои сармоягузорӣ доир карда шуд.

***

30 апрели соли 2015  дар шаҳри Душанбе ҳамкории гуногунҷанбаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ИМА муҳокима шуд.

***

30 апрели соли 1949 Неругоҳи барқи обии «Варзоби Поён» ба кор даромад.

***

30 апрели соли 1963 истгоҳи нави Роҳи оҳани «Душанбе» ба фаъолият  оғоз намуд.

***

30 апрели соли  2014 дар Китобхонаи миллии Тоҷикистон бо ибтикори Агентии иттилоотии «Синхуа», Маркази Конфутсия дар назди Донишгоҳи миллии Тоҷикистон, Ҷамъияти дӯстии «Тоҷикистону  Чин», Корхонаи муштараки «Зарафшон», ҶДММ «Хуасин  Ғаюр Семент» таҳти унвони «Дурнамои рушди роҳи нави  абрешим» намоиши аксҳо доир гардид.

***

30 апрели соли  2018 дар шабакаи телевизионии «НТВ» даври дуввуми озмуни «Ту беҳтарин!» («Ты супер!») баргузор гардид, ки дар он намояндаи Тоҷикистон Меҳрона Ғайбуллоева иштирок намуд. Дар озмуни «Ту беҳтарин!» 82 сарояндаи ҷавон аз 13 кишвари олам иштирок намуд ва ба Меҳрона Ғайбуллоева муяссар гардид, ки ба қатори чор нафари беҳтарин шомил шавад.

***

30 апрели соли  2019 дар шаҳри Душанбе якумин Намоишгоҳи муассисаҳои таҳсилоти олии Полша ва Агентии мубодилаи академикии Ҷумҳурии Полша (NAWA) оғоз гардид.

Апрель 30, 2023 08:00

Хабарҳои дигари ин бахш

ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 29 ноябр, ҷумъа, 334-умин рӯзи соли 2024 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 28 ноябр, панҷшанбе, 333-юмин рӯзи соли 2024 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 27 ноябр, чоршанбе, 332-юмин рӯзи соли 2024 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 26 ноябр, сешанбе, 331-умин рӯзи соли 2024 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 25 ноябр, душанбе, 330-юмин рӯзи соли 2024 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 24 ноябр, якшанбе, 329-умин рӯзи соли 2024 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 23 ноябр, шанбе, 328-умин рӯзи соли 2024 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 22 ноябр, ҷумъа, 327-умин рӯзи соли 2024 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 21 ноябр, панҷшанбе, 326-умин рӯзи соли 2024 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 20 ноябр, чоршанбе, 325-умин рӯзи соли 2024 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 19 ноябр, сешанбе, 324-умин рӯзи соли 2024 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 18 ноябр, душанбе, 323-юмин рӯзи соли 2024 аст