ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 4 апрел, сешанбе, 94-умин рӯзи соли 2023 аст
4 апрели соли 2013 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон Ноиби калони Президенти Бонки ҷаҳонӣ Каушик Басуро ба ҳузур пазируфтанд.
***
4 апрели соли 2014 дар шаҳри Қайроққум (ҳозира Гулистон)-и вилояти Суғд Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон ба бунёди хати 220-киловолтаи интиқоли неруи барқи Қайроққум-Ашт оғоз бахшиданд.
***
Дар ин рӯзи соли 2012 дар шаҳри Душанбе Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон Пешвои исмоилиёни ҷаҳон Карим Оғохони 4-ро ба ҳузур пазируфтанд.
4 АПРЕЛ:
Рӯзи Интернет.
***
Рӯзи кӯдакон дар Тайван.
***
Рӯзи Веб-барномасозон.
РӮЙДОДҲО:
4 апрели соли 2003 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон Қарор «Дар бораи такмили таълим ва омӯзиши забонҳои русӣ ва англисӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон»-ро ба тасвиб расониданд.
***
4 апрели соли 2013 Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон маротибаи дуюм Президенти Кумитаи миллии олимпӣ интихоб гардиданд.
***
Дар ин рӯзи соли 2017 дар Душанбе ҳамоиши доираҳои тиҷоратӣ ва соҳибкорони Тоҷикистон ва Австрия, ки ба тавсеаи ҳамкории иқтисодии ду давлат ва ҷалби сармоягузорони Австрия дар татбиқи лоиҳаҳои гуногуни бахши иқтисодиёти Тоҷикистон равона шудааст, баргузор гардид.
***
4 апрели соли 2018 Консепсияи сиёсати давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи дин қабул гардид.
***
4 апрели соли 1982 аввалин маротиба қуллаи баландтарин- Эверестро кӯҳнавардони шӯравӣ Владимир Балибердин ва Эдуард Мисловский кашф намуданд.
ДАР ИН РӮЗ ТАВАЛЛУД ШУДААНД:
Бурҳон Раҳмон- соли 1934 -ровии шинохтаи телевизион ва радио