ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 6 апрел, панҷшанбе, 96-умин рӯзи соли 2023 аст
6 апрели соли 2021 Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Президенти тозаинтихоби Ҷумҳурии Сотсиалистии Ветнам Нгуен Суан Фук барқияи табрикӣ ирсол намуданд.
***
Дар ин рўзи соли 2012 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон намояндаи доимии Бонки осиёии рушд дар Тоҷикистон Ҷоҷи Токеширо ба ҳузур пазируфтанд.
***
6 апрели соли 2020 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ бо нашъунамои гулу дарахтон дар боғҳои фарҳангию фароғатии пойтахт шинос шуданд.
6 АПРЕЛ:
Рӯзи байналмилалии варзиш ба хотири сулҳу субот.
***
Рӯзи байналмилалии тенниси рӯйимизӣ.
***
Дар Русия –Рўзи геологҳо
РӮЙДОДҲО:
6 апрели соли 2018 дар варзишгоҳи «Автомобилист»-и шаҳри Душанбе бо иштироки Президенти Федератсияи футболи Тоҷикистон Рустами Эмомалӣ ва Президенти Конфедератсияи футболи Осиё Шайх Салмон бин Иброҳим Алхалифа чор майдони хурди замонавии футбол мавриди истифода қарор гирифт.
***
Дар ин рӯзи соли 2019 дар шаҳри Душанбе хатсайри нави сайёҳии «Сайри гули лола» ташкил карда шуд.
***
6 апрели соли 2021 бахшида ба 30-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор», солҳои 2018-2028 дар Осорхонаи таъриху кишваршиносии 2700-солагии шаҳри Кӯлоб таҳти унвони «Тасвири об дар асарҳои рассомони Тоҷикистон» оғоз гардид, ки то 30 апрел идома ёфт.
***
6 апрели соли 2023 иштироккунандагони Конфронси байналмилалии «Равияҳои нави ҳамкории байниминтақавии Тоҷикистону Русия» аз Минтақаи озоди иқтосодии Данғара дидан намуданд.
***
Дар ин рўзи соли 2018 дар майдони варзишии Донишкадаи тарбияи ҷисмонии Тоҷикистон ба номи ҷаҳонпаҳлавон Саидмуъмин Раҳимов маросими ифтитоҳи расмии Бозиҳои варзишии Тоҷикистон – 2018 аз рўи 11 намуди варзиш, аз қабили гӯштини миллӣ, гӯштини юнонӣ – румӣ, самбо, дзюдо, тарзи озод, таэквандо (ВТФ), баскетбол (мардон, занон), волейбол (мардон, занон), варзиши сабук, бокс ва вазнбардорӣ баргузор гардиданд, ки то то 2 майи ин соли идома ёфтанд.