ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 7 апрел, ҷумъа, 97-умин рӯзи соли 2023 аст

Апрель 7, 2023 08:00

7 апрели соли 2021 Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Маркази таълимии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар шаҳри Гулистони вилояти Суғд ифтитоҳ карда, бо шароити таълим дар иншооти нав шинос шуданд.

***

 Дар ин рўзи соли 2022  бахшида ба Рўзи умумиҷаҳонии тандурустӣ, ки ҳамасола дар тамоми ҷаҳон 7 апрел таҷлил карда мешавад, бо дастгирии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон   дар тамоми муассисаҳои тиббии мамлакат  хизмати ройгон расонида шуд.

***

7 апрели соли 2016 дар шаҳри Душанбе  ҳамоиши доираҳои тиҷоратии Тоҷикистон ва Покистон, ки дар самти саноати сабук фаъолият мекунанд, доир гардид. 

7 АПРЕЛ:

Рӯзи умумиҷаҳонии саломатӣ.

***

Ҷашни модар ва зебоӣ дар Арманистон.

РӮЙДОДҲО: 

7 апрели соли  2021,  дар рӯзи дуюми Чемпионати Осиё-Океания, ки дар шаҳри Бишкеки Қирғизистон идома дошт, паҳлавони маъруфи тоҷик Сомон Маҳмадбеков дар вазни 73кг бар се ҳарифаш  ғолиб омада, сазовори медали нуқра гардид.

***

Дар ин рўзи соли 2021 вакилони Маҷлиси намояндагон лоиҳаи Қонун «Оид ба ворид намудани тағйиру илова ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи вазъи ҳуқуқии хизматчиёни ҳарбӣ»-ро баррасӣ  карданд.

***

7 апрели соли 2022  дар Осорхонаи миллии Тоҷикистон таҳти унвони «Кандакорӣ – ҷавҳари санъати ороишӣ-амалии ниёгон» намоиши асарҳои санъати кандакорӣ дар рӯйи чӯб оғоз гардид, ки он то 25 апрел идома ёфт. Дар намоиши мазкур зиёда аз 50 адад осори кандакорӣ аз хазинаи тиллоии фонди Осорхонаи миллӣ ба намоиш гузошта шуд.

***

7 апрели соли 1978 ноҳияи Қабодиён (ҳозира Қубодиён) таъсис ёфтааст.

***

7 апрели соли 2008 дар назди бинои Донишкадаи давлатии санъати Тоҷикистон нимпайкараи Шоири халқии Тоҷикистон Мирзо Турсунзода гузошта шуд.

***

Дар ин рӯзи соли 2010 дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Маркази дастгирӣ ва рушди ассотсиатсияҳои Тоҷикистон, ки 20 ассотсиатсияи фаъоли ҷумҳуриро муттаҳид сохт, таъсис ёфт.

Апрель 7, 2023 08:00

Хабарҳои дигари ин бахш

ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 15 август, панҷшанбе, 228-умин рӯзи соли 2024 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 14 август, чоршанбе, 227-умин рӯзи соли 2024 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 13 август, сешанбе, 226-умин рӯзи соли 2024 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 12 август, душанбе, 225-умин рӯзи соли 2024 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 11 август, якшанбе, 224-умин рӯзи соли 2024 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 10 август, шанбе, 223-юмин рӯзи соли 2024 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 9 август, ҷумъа, 222-юмин рӯзи соли 2024 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 8 август, панҷшанбе, 221-умин рӯзи соли 2024 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 7 август, чоршанбе, 220-умин рӯзи соли 2024 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 6 август, сешанбе, 219-умин рӯзи соли 2024 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 2 август, ҷумъа, 215-умин рӯзи соли 2024 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 1 август, панҷшанбе, 214-умин рӯзи соли 2024 аст