ҲУШДОРИ АГЕНТИИ ОБУҲАВОШИНОСӢ: Рӯзҳои наздик дар Тоҷикистон ҳолати ифлосшавии ҳавои атмосфера дар назар буда, чангу ғубор ба амал меояд
ДУШАНБЕ, 17.04.2023. /АМИТ «Ховар»/. Агентии обуҳавошиносии Тоҷикистон иттилоъ медиҳад, ки аз 19 то 22 апрел дар шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ ҳолати ифлосшавии ҳавои атмосфера дар назар буда, чангу ғубор ба амал меояд.
Ба иттилои манбаъ, рӯзҳои наздик дар шаҳру ноҳияҳои ҷанубӣ ва марказии вилояти Хатлон (Носири Хурсрав, Қубодиён, Шаҳритуз, Ҷайҳун, Дӯстӣ, Панҷ, Румӣ, Вахш, Данғара, Восеъ, шаҳрҳои Бохтару Кӯлоб), шаҳру ноҳияҳои тобеи марказ (Ёвон, Норак, Турсунзода, Ҳисор, шаҳрҳои Ваҳдат, Душанбе) чангу ғубор ба амал меояд.
Инчунин дар шаҳру ноҳияҳои ҷанубӣ ва шимолии вилояти Суғд (Истаравшан, Спитамен, Мастчоҳ, Ҷаббор Расулов, Хуҷанд, Конибодом, Исфара, Панҷакент) бо сабаби омилҳои метеорологӣ (чангбоде, ки аз минтақаҳои ҷанубу ғарбӣ, ҷанубӣ ва ҷанубу шимолӣ ба мамлакат ворид гардидааст), баланд шудани ҳолати ифлосшавии ҳавои атмосфера аз моддаҳои муаллақ (чанг), зарачаҳои андозаашон 10мкр (Рм-10) ва зарачаҳои андозаашон 2,5мкр (Рм-2,5) пешгӯӣ мешавад.
Агентӣ ба шаҳрвандон тавсия медиҳад, ки аз сайругашти зиёди рӯзона дар хиёбонҳо, кӯчаҳо, хусусан дар наздикии роҳҳои нақлиётӣ ва бурдани корҳои саҳроӣ худдорӣ намоянд.
Ба иттилои агентӣ, аз 19 то 22 апрел дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад. Дар баъзе ноҳияҳои ғарбии вилоят 19 апрел борони кӯтоҳмуддат борида, 20-22 апрел ҳавои бебориш дар назар аст. Дар шарқи вилоят ҳавои бебориш пешгӯӣ мешавад.
Дар вилояти Суғд ҳавои камабри бебориш пешгӯӣ мешавад. Шамол аз самти ғарб бо суръати 4-9 метр дар як сония мевазад. 19 апрел чангу ғубор боқӣ мемонад.
Дар вилояти Хатлон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ шуда, шамол аз самти ғарб бо суръати 5-10 метр дар як сония мевазад. Дар ноҳияҳои алоҳида бо шиддати то 12-17 метр дар як сония вазида, чангу ғубор боқӣ мемонад.
Дар ин рӯзҳо дар шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ ҳавои тағйирёбандаи бебориш дар назар аст. 19-21 апрел дар баъзе ноҳияҳо шамол аз самти ғарб бо суръати 5-10 метр дар як сония вазида, чангу ғубор боқӣ мемонад.
Зарангези ЛАТИФ,
АМИТ «Ховар»
АКС: АМИТ «Ховар»








Қариб 200 миллион нафар дар ҷаҳон аз истеъмоли нокифояи йод азият мекашанд
Дар Душанбе омодасозии мутахассисони соҳаи тандурустӣ дар Осиёи Марказӣ баррасӣ гардид
Бахшида ба Рӯзи Президенти Тоҷикистон таҳти унвони «Тамаддуни ориёӣ» озмуни ҷумҳуриявӣ доир мешавад
Рустами Эмомалӣ ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонун «Дар бораи маҳдуд намудани истифодаи маҳсулоти тамоку»-ро ҷонибдорӣ намуданд
Дар нуҳ моҳи соли равон 86 муассисаи КАТС ба истифода дода шуд
Байни Иттифоқи журналистони Тоҷикистон ва Ассосиатсияи Умумичинии журналистон Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид
Дар Панҷакент Форуми ҷумҳуриявӣ ва даври ҷамъбастии озмуни «Беҳтарин оилаи ҳунарманд» доир шуд
МАСЛИҲАТИ МУТАХАССИС. Тарбуз, харбуза ва каду дар таркиби худ витамини C ва А бештар доранд
Масъалаи дастрасии аҳолии минтақаҳои дурдаст ба кумаки аввалияи тиббию санитарӣ баррасӣ шуд
Неругоҳҳои барқи обии «Норак» ва «Бойғозӣ» барои гузаронидани мавсими сармо омода мебошанд
Дар Душанбе нахустин Анҷумани саратоншиносон ва радиологҳои Тоҷикистон доир шуд
Тоҷикистон то имрӯз ба 11 конвенсияи байналмилалии муҳитизистӣ ҳамроҳ шудааст






