Як рӯзи Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе дар суратгузориши АМИТ «Ховар»

Апрель 6, 2023 17:00

ДУШАНБЕ, 06.04.2023 /АМИТ «Ховар»/. Аз омадани фасли баҳори нозанин як моҳ гузашт. Дар ин муддат талу теппа ва  дашту дамани Тоҷикистон гулпӯшу майсазор гардидааст.

Бо омадани арӯси сол — баҳор табиати зебои Тоҷикистон, махсусан пойтахти он — шаҳри Душанбе боз ҳам назаррабо гардида, сайру гашт дар чаманзори он ба кас руҳу илҳоми тоза мебахшад.

Корхона ва ниҳодҳои давлатӣ баҳри зебо гардонидани симои пойтахти азиз — шаҳри Душанбе пайваста ба корҳои ободонию созандагӣ машғул мешаванд.

Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе, ки симои аслӣ ва дарвоза барои пешвози меҳмонон ва сайёҳони хориҷӣ аст, аз зумраи он ниҳодҳо мебошад, ки имрӯзҳо саропо гулпӯшу назаррабо гардидааст.

Дар тақвияти гуфтаҳои боло суратгузориши навбатии АМИТ «Ховар» аз Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе таҳия карда шуд.

Тоҳирҷон САИД,
АМИТ «Ховар»

Апрель 6, 2023 17:00

Хабарҳои дигари ин бахш

Суратгузориши АМИТ «Ховар» аз маросими ҷоизасупорӣ ба кормандони телевизион, радио ва соҳаи алоқа
Суратгузориши АМИТ «Ховар» аз зебоиҳо ва ободкориҳо дар қалби Тоҷикистон — шаҳри Душанбе
Суратгузориши АМИТ «Ховар» аз Консерти ансамбли эстрадии Оркестри давлатии симфонии Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти унвони «Армуғони дӯстӣ» дар шаҳри Ганҷаи Озарбойҷон
Суратгузориши АМИТ «Ховар» аз Консерти Оркестри давлатии симфонии Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти унвони «Армуғони дӯстӣ» дар шаҳри Бокуи Ҷумҳурии Озарбойҷон
ХИЗМАТ БА ВАТАН ШАРАФ АСТ! Суратгузориши АМИТ «Ховар»
СУРАТГУЗОРИШ. Хушкмеваҳои Тоҷикистон писанди иштирокдорон ва меҳмонони Намоишгоҳи «Gulfood 2025» гардид
СУРАТГУЗОРИШ. Намояндагони воситаҳои ахбори оммаи Тоҷикистон бо мавзеи обанбори НБО –и «Роғун» шинос шуданд
Суратгузориши АМИТ «Ховар» аз ҷашни Иди Меҳргон дар шаҳри Душанбе
Суратгузориши АМИТ «Ховар» аз ҷамъомади тантанавӣ бахшида ба Рӯзи авиатсияи тоҷик дар шаҳри Душанбе
Суратгузориши АМИТ «Ховар» аз ифтитоҳи Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №19 дар ноҳияи Синои шаҳри Душанбе
САЁҲАТИ ТОҶИКИСТОН — ҲАДАФИ МО! Суратгузориши АМИТ «Ховар» доир ба таассуроти меҳмони хориҷӣ пас аз тамошои мавзеъҳои ҷолиби мамлакат
ЛИБОСИ МИЛЛӢ — МУАРРИФИ МИЛЛАТ. Суратгузориш аз иқдоми вилоятӣ дар шаҳри Хоруғ манзур мегардад