«20 БОНУИ МУВАФФАҚ ДАР СОҲАИ БОНКДОРИИ ТОҶИКИСТОН». Дар Душанбе ин озмун ҷамъбаст карда шуд

Май 16, 2023 09:02

ДУШАНБЕ, 16.05.2023 /АМИТ «Ховар»/.  Дар Душанбе озмуни  «20 бонуи муваффақ дар соҳаи бонкдории Тоҷикистон» ҷамъбаст гардида, ба ғолибони он дар маросими тантанавӣ ҷоизаҳо супорида шуд.

АМИТ «Ховар» бо истинод ба Корхонаи воҳиди давлатии «Бонки амонатгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон «Амонатбонк» иттилоъ медиҳад, ки озмуни «20 бонуи муваффақ дар соҳаи бонкдории Тоҷикистон» бо ибтикори Ассотсиатсияи ташкилоти маблағгузории хурди Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо Ассотсиатсияи миллии занони соҳибкор «Кадбону» ва дастгирии Бонки миллии Тоҷикистон барои заноне, ки дар ташкилоти қарзии мамлакат фаъолият менамоянд, гузаронида шуд.

Ғолибон аз рӯи якчанд номинатсия барои фаъолияти назаррасу намунавӣ, таҷрибаву малакаи волои касбӣ, саҳмгузорӣ дар рушду пешрафти соҳаи бонкдории мамлакат, иштироки фаъолона дар чорабиниҳои ҷамъиятиву фарҳангӣ ва ғайра интихоб карда шуданд. Аз ҷумла, ду корманди Корхонаи воҳиди давлатии «Бонки амонатгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон «Амонатбонк»-  Шаҳло Раҳимзода дар номинатсияи «Корманди беҳтарини роҳбарикунанда» ва Ҳусния Ғаниева дар номинатсияи «Корманди беҳтарини соҳаи иттилооти технологии бонкӣ» ғолиби озмуни «20 бонуи муваффақ дар соҳаи бонкдории Тоҷикистон» дониста шуд.

Баргузории чунин озмунҳо барои ҳавасманд намудани занони мамлакат, ки дар низоми бонкӣ фаъолият доранд ва баланд бардоштани завқи онҳо нисбат ба касбашон мусоидат менамояд.

 АКС: «Амонатбонк»

Май 16, 2023 09:02

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Душанбе самтҳои баланд бардоштани сатҳи саводнокии молиявии кӯдакону ҷавонон баррасӣ гардиданд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 евро аз 10.0500 то 10.3287 сомонӣ муқаррар шудааст
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.1030 то 0.1144 сомонӣ муқаррар шудааст
ПУЛИ МИЛЛӢ –«СОМОНӢ». Банкнотаҳои он на танҳо воситаи пардохт, балки бозтоби таърих, фарҳанг, дастовардҳо ва ҳувияти миллии Тоҷикистон мебошанд
ТАЪРИХИ ПАЙДОИШИ АСЪОРИ МИЛЛӢ. Эҳтироми пули миллӣ эҳтироми миллат аст!
ҚУРБИ АСЪОР: 1 доллари ИМА аз 9.1400 то 9.2165 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар Остона Конфронси байналмилалии иқтисодии Фонди авруосиёии субот ва рушд баргузор гардид
ҚУРБИ АСЪОР: 1 доллари ИМА аз 9.1500 то 9.2174 сомонӣ муқаррар шудааст
Тоҷикистон ва Бонки аврупоии таҷдид ва рушд ҳамкориро дар самти таҳкими низоми молиявию бонкӣ густариш медиҳанд
Дар Душанбе оид ба ташхиси макроиқтисодӣ ҳамоиш баргузор шуд
Намояндаи Тоҷикистон дар ҳамоиши минтақавии Бонки осиёии сармоягузориҳои инфрасохторӣ иштирок намуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.1040 то 0.1144 сомонӣ муқаррар шудааст