Амали фаъолияти иҷозатномаи ҶДММ «Интер аудит правда» қатъ карда шуд

Май 9, 2023 14:59

ДУШАНБЕ, 09.05.2023 /АМИТ«Ховар»/. Бонки миллии Тоҷикистон аз қатъ намудани  амали фаъолияти иҷозатномаи Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Интер аудит правда» иттилоъ медиҳад. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар бонки мазкур иттилоъ доданд.

Тасмими қатъ намудани амали фаъолияти  иҷозатномаи ҶДММ «Интер аудит правда» мутобиқи қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи иҷозатномадиҳӣ ба баъзе намудҳои фаъолият», «Дар бораи Бонки миллии Тоҷикистон» ва дар асоси дархости Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Интер аудит правда» ҷиҳати ба таври ихтиёрӣ даст кашидан аз машғулшавӣ ба фаъолияти аудиторӣ дар бахши аудити ташкилоти суғуртавӣ гирифта шудааст.

Дар робита ба ин амали иҷозатномаи ҶДММ «Интер аудит правда», ки бо қарори Раёсати Бонки миллии Тоҷикистон аз 27 декабри соли 2021 барои анҷом додани фаъолияти аудиторӣ дар бахши аудити ташкилоти суғуртавӣ дода шудааст, қатъ карда шуд.

      АКС: Бонки миллии Тоҷикистон

Май 9, 2023 14:59

Хабарҳои дигари ин бахш

ҚУРБИ АСЪОР: 1 евро аз 9.9500 то 10.2212 сомонӣ муқаррар гардидааст
ҚУРБИ АСЪОР: 1 евро аз 10.2200 то 10.2472 сомонӣ муқаррар гардидааст
ҚУРБИ АСЪОР: 1 доллари ИМА аз 9.1400 то 9.2086 сомонӣ муқаррар гардидааст
ҚУРБИ АСЪОР: 1 доллари ИМА аз 9.2400 то 9.2500 сомонӣ муқаррар гардидааст
Ҳаҷми умумии қарзҳои додашуда дар Тоҷикистон 25,5 фоиз зиёд гардидааст
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.1010 то 0.1126 сомонӣ муқаррар гардидааст
МАЪРИФАТИ МОЛИЯВӢ. Дар ноҳияи Рӯдакӣ Фестивали саводнокии молиявӣ гузаронида шуд
Дар Душанбе самтҳои ҳамкорӣ бо ҳайати Палатаи савдои хориҷии Олмон баррасӣ гардид
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.1020 то 0.1125 сомонӣ муқаррар шудааст
ҚУРБИ АСЪОР: 1 доллари ИМА аз 9.1400 то 9.2093 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар Душанбе самтҳои баланд бардоштани сатҳи саводнокии молиявии кӯдакону ҷавонон баррасӣ гардиданд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 евро аз 10.0500 то 10.3287 сомонӣ муқаррар шудааст