Ҳамкорӣ бо ширкати ҳавопаймоии «Ютэйр Эйрлайнс»-и Русия ба рушди сайёҳӣ дар Тоҷикистон мусоидат менамояд
ДУШАНБЕ, 22.05.2023. /АМИТ «Ховар»/. 20 май дар Федератсияи Русия вохӯрии раиси Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Камолиддин Муминзод бо роҳбари ширкати ҳавопаймоии «Ютэйр Эйрлайнс» Олег Семёнов баргузор гардид. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар Кумитаи рушди сайёҳии ҷумҳурӣ иттилоъ доданд.
Зимни мулоқот раиси Кумитаи рушди сайёҳии Тоҷикистон оид ба имконияти сайёҳии мамлакат маълумоти муфассал дода, гуфт, ки парвозҳои мунтазам байни давлатҳо ба рушди сайёҳӣ мусоидат менамояд. Пешниҳод карда шуд, ки маводи чопии иттилоотӣ-тарғиботӣ тавассути ҳавопаймоҳои ширкати Ютэйр ба мусофирон пешниҳод карда шуда, ширкати мазкур дар овардани ҳайатҳои эҷодие, ки ба Ҷумҳурии Тоҷикистон барои муаррифӣ мераванд, мусоидат намояд.
Олег Семёнов дар бораи фаъолияти ширкати Ютэйр, парки ҳавопаймоиҳои ширкат ва таҷрибаи кормандонаш маълумот дода, иброз дошт, ки ширкати мазкур дорои даҳ ҳазор корманд, парки бузурги ҳавопаймоӣ ва чархболҳо мебошад.
Мавсуф гуфт, ки аз шаҳрҳои Москва, Сургут ва Тюмен ба шаҳрҳои Душанбе ва Хуҷанд ҳафтае зиёда аз 30 парвоз анҷом дода мешавад.
Роҳбари ширкати ҳавопаймоии «Ютэйр Эйрлайнс» пешниҳодҳои ҷониби Тоҷикистонро ба хушӣ пазируфта, омодагии худро барои ҳамкорӣ дар ин самт изҳор намуд.
АКС: Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон








Дар Дарвоз Конференсияи байналмилалии «Сайёҳии устувор ва рушди зеҳни сунъӣ дар шароити муосир» баргузор шуд
Дар Хуҷанд конференсияи байналмилалии илмӣ-амалии «Мероси Суғди бостонӣ» баргузор гардид
Шаҳри Панҷакентро дар нуҳ моҳ беш аз 40 ҳазор сайёҳон тамошо намудаанд
Бо мақсад рушди ҳамкории сайёҳӣ ҳайати шаҳри Душанбе ба музофоти Хайнани Чин сафар намуд
Форуми байналмилалии «Сайёҳии устувор ва мероси фарҳангӣ» иқтидори сайёҳӣ ва фарҳангии Тоҷикистонро муаррифӣ менамояд
Дар Душанбе Форуми байналмилалии «Сайёҳии устувор ва мероси фарҳангӣ» оғоз гардид
Имконияту иқтидори сайёҳии шаҳри Душанбе дар Ҷумҳурии Мардумии Чин муаррифӣ мегардад
АЗ ВОДИИ РАШТ ТО ИСКАНДАРКӮЛ. Хатсайрҳои сайёҳии дохилӣ ба минтақаҳои сайёҳии Тоҷикистон анҷом ёфтанд
«БАРНОМАИ РУШДИ САЙЁҲИИ ДОХИЛӢ». Дар Тоҷикистон беш аз 400 захираи сайёҳӣ, 1000 дара, 1000 кӯл ва мавзеъҳои дигари ҷолиб мавҷуд аст
ВОДИИ ЯҒНОБ- ОСОРХОНАИ ЗИНДАИ ЭТНОГРАФӢ. Ин мавзеъ таваҷҷуҳи сайёҳонро зиёдтар ҷалб менамояд
Президенти Тоҷикистон: «Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон бо мардуми меҳмоннавоз ва имконоти васеи сайёҳӣ маҳбубияти зиёд дорад»
МАНЗАРАҲОИ ҶОЛИБИ ТОҶИКИСТОН — САРВАТИ БУЗУРГИ САЙЁҲӢ. Эҳдо ба Рӯзи ҷаҳонии сайёҳӣ






