Ба иқтидори Тоҷикистон оид ба мониторинг ва арзёбии амалҳо дар соҳаи иқлим тақвият бахшида мешавад

Май 13, 2023 15:54

ДУШАНБЕ, 13.05.2023 /АМИТ «Ховар»/. Созмони озуқаворӣ ва кишоварзии Созмони Милали Муттаҳид (ФАО) ба Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таҷҳизоти технологияҳои иттилоотӣ супорид. Ин иқдом дар доираи Лоиҳаи дуюми омодагӣ, ки аз ҷониби Фонди иқлими сабз дастгирӣ карда мешавад, амалӣ гардид, иттилоъ медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон.

Таҷҳизоти IT, аз ҷумла 14 ноутбук, 2 компютери рӯимизӣ, 16 роутер ва 1 қуттии сервер бо арзиши 18319,00 доллар  ба раёсати мониторинги Кумита супурда шуд. Ин таҷҳизот иқтидори техникии раёсатро тақвият бахшида,  имкон медиҳад, ки фаъолияти тағйирёбии иқлим дар Тоҷикистон самаранок пайгирӣ карда шавад.

Қаблан соли 2022 ду семинар оид ба мониторинг ва арзёбии лоиҳаҳо дар соҳаи тағйирёбии иқлим бо иштироки намояндагони ҳукумат, бахши хусусӣ ва коршиносони байналмилалӣ дар соҳаи маблағгузории иқлим ва аккредитатсия баргузор гардид. Донишҳои ба даст оварда дар баробари таҷҳизот имконоти техникии Кумитаро такмил дода, имкон медиҳанд, ки талошҳои ҷумҳурӣ оид ба мубориза бо тағйирёбии иқлим дар Тоҷикистон назорат карда шавад.

Дар маросими супоридани таҷҳизоти техникӣ Раиси Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Баҳодур Шерализода ва намояндаи ФАО СММ Олег Гучгелдиев ҳузур доштанд. «Мо умедворем, ки ин барнома ба талошҳои Тоҷикистон барои коҳиш додани тағйирёбии иқлим ва мутобиқшавӣ ба он мусоидат хоҳад кард», — изҳор дошт намояндаи ФАО Олег Гучгелдиев дар маросими ифтитоҳ.

ФАО ҷонибдори дастгирии Тоҷикистон дар талошҳо оид ба мубориза бо тағйирёбии иқлим ва аҳамияти системаҳои хуби мониторинг ва арзёбии дохилӣ барои ҳама намудҳои лоиҳаҳои тағйирёбии иқлим мебошад. Дар доираи лоиҳа инчунин идомаи гузаронидани тренингҳои миллӣ оид ба MRV дар минтақаҳои гуногуни Тоҷикистон ва рушди системаи миллии MRV ба нақша гирифта шудааст.

 АКС: Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукума ти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Май 13, 2023 15:54

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Тоҷикистон беш аз 400 ҳазор тонна пиёз ҷамъоварӣ гардидааст
Дар Тоҷикистон дар беш аз 223 ҳазор гектар кишти тирамоҳӣ гузаронида мешавад
Соҳибкорон аз Чин бо фаъолияти корхонаҳои Минтақаи озоди иқтисодии «Суғд» шинос шуданд
МАНЗАРАҲОИ ҶОЛИБИ ТОҶИКИСТОН — САРВАТИ БУЗУРГИ САЙЁҲӢ. Эҳдо ба Рӯзи ҷаҳонии сайёҳӣ
Соли 2027 дар Душанбе ҷаласаи 49-уми Шурои байнидавлатӣ оид ба геодезия, харитасозӣ, кадастр ва мушоҳидаи фосилавии Замин доир мегардад
27 СЕНТЯБР — РӮЗИ ҶАҲОНИИ САЙЁҲӢ. Дар Тоҷикистон барои рушди сайёҳии дохилию байналмилалӣ тадбирҳои муассир андешида мешаванд
Пахтакорони ноҳияи Мастчоҳ азм доранд 25 ҳазор тонна пахта ҷамъоварӣ намоянд
РУШДИ СОҲАИ САЙЁҲӢ. Хостел ва мотел аз ҳамдигар чӣ фарқ доранд?
Дар Нуробод бо иштироки муовини Сарвазир оид ба пешгирии истифодаи ғайриқонунии неруи барқ ҷаласа баргузор шуд
Ҳамкории Тоҷикистон бо Британияи Кабир дар соҳаи саноат баррасӣ гардид
Роҳбарияти «Амонатбонк» дар Шанхай дар саммити байналмилалии «Huawei Connect 2026» иштирок намуд
РОҲИ БЕҲТАР ВА БЕХАТАР. Сокинони Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон дар муддати 8-10 соат то шаҳри Душанбе мерасанд