Бонки миллии Тоҷикистон ба «РАССЕЛЛ БЕДФОРД ААА» барои фаъолияти аудиторӣ иҷозатнома дод
ДУШАНБЕ, 23.05.2023 /АМИТ «Ховар»/. Бо қарори Раёсати Бонки миллии Тоҷикистон ба Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «РАССЕЛЛ БЕДФОРД ААА» барои анҷом додани фаъолияти аудиторӣ дар ташкилоти қарзӣ ба муҳлати 5 сол иҷозатнома дода шуд.
АМИТ «Ховар» бо истинод ба Бонки миллии Тоҷикистон иттилоъ медиҳад, ки ин тасмим мутобиқи қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Бонки миллии Тоҷикистон», «Дар бораи иҷозатномадиҳӣ ба баъзе намудҳои фаъолият», Низомнома «Дар бораи хусусияти иҷозатномадиҳӣ ба баъзе намудҳои фаъолият», қоидаҳои гузаронидани аттестатсия барои ҳуқуқи анҷом додани аудити бонкҳо ва дигар ташкилоти қарзӣ гирифта шудааст.
Ҳамзамон мутобиқи қарори мазкур ба аудиторони «РАССЕЛЛ БЕДФОРД ААА» шаҳодатномаи тахассусии аудитори бонкӣ дода шуд.
Департаменти назорати бонкӣ муваззаф гардидааст, ки дар Феҳристи иҷозатномаҳои фаъолияти аудиторӣ дар ташкилоти қарзии молиявӣ сабти марбута ворид кунад.
АКС аз манбаъҳои боз








ҚУРБИ АСЪОР: 1 евро аз 10.2200 то 10.2472 сомонӣ муқаррар гардидааст
Ҳаҷми умумии қарзҳои додашуда дар Тоҷикистон 25,5 фоиз зиёд гардидааст
МАЪРИФАТИ МОЛИЯВӢ. Дар ноҳияи Рӯдакӣ Фестивали саводнокии молиявӣ гузаронида шуд
Дар Душанбе самтҳои ҳамкорӣ бо ҳайати Палатаи савдои хориҷии Олмон баррасӣ гардид
Дар Душанбе самтҳои баланд бардоштани сатҳи саводнокии молиявии кӯдакону ҷавонон баррасӣ гардиданд






