Дар давлатҳои Осиёи Марказӣ намоиши филмҳо ва барномаҳои телевизионии чинӣ оғоз ёфт
ДУШАНБЕ, 06.05.2023 /АМИТ «Ховар»/. Чанде пеш маросими оғози чорабинии намоиши филмҳои чинӣ ва барномаҳои телевизионӣ бо номи «Робита бо Осиёи Марказӣ» баргузор гардид. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба агентии «Жэнминжибао» иттилоъ медиҳад.
Чорабинии мазкур дар ҳамкорӣ бо Ширкати давлатии радио ва телевизиони «ChinaMediaGroup» ва расонаҳои пешрафтаи Осиёи Марказӣ ташкил карда шудааст. Силсилаи филмҳо ва барномаҳои телевизионии барҷастаи чинӣ, ки ба забонҳои маҳаллӣ тарҷума шудаанд, бо ёрии воситаҳои ахбори оммаи Тоҷикистон, Қазоқистон, Қирғизистон, Туркманистон ва Узбекистон ба бинандагону шунавандагони маҳаллӣ пешниҳод карда мешавад.
Дар доираи ин чорабинӣ дар давлатҳои Осиёи Марказӣ ҳафт кино ва барномаи телевизионӣ пахш карда мешавад, ки пешрафти навсозии Чин, аз ҷумла «Роҳи бузург», «Пайроҳаи карбон», «Нахустин бор дар ҳаёт», «Маззаи Синтсзян» ва «Салом, Тибети нав» -ро нишон медиҳанд. Намоиш бо шаш забони маҳаллӣ тарҷума шудааст.
Азиза ИКРОМ,
АМИТ «Ховар»
АКС аз манбаъҳои боз








Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид






