Дар Душанбе ҷиҳати баланд бардоштани иқтисоди миллӣ ҳамоиш баргузор шуд
ДУШАНБЕ, 05.05.2023 /АМИТ «Ховар»/. 4 май дар Душанбе бо ташаббуси Фраксияи Ҳизби Ислоҳоти Иқтисодии Тоҷикистон ва Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мавзуи «Самтҳои асосии амалигардонии Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030» ҳамоиши илмӣ-амалӣ доир гардид. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар Маҷлиси намондагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.
Ҳамоиш ҷиҳати расидан ба ҳадаф ва афзалияти стратегӣ ва идома додани ислоҳоти иқтисодӣ, коҳиш додани таъсири хавфҳои берунаву дохилӣ ва баланд бардоштаи сатҳи некӯаҳволии мардуми ҷумҳурӣ доир шуд.
Гуфта шуд, ки нишондиҳандаҳои асосии раванди амалигардии «Барномаи миёнамуҳлати рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2016-2030» нишон дод, ки мо ба ҳадафҳо ва вазифаҳои миллии стратегии муайянгардида дар маҷмуъ ноил гардидем ва заминаи мусоид барои рушди устувори минбаъдаи мамлакат фароҳам оварда шуд. Ҳамзамон дар баробари дастовардҳо баъзе нишондиҳандаҳои алоҳидаи барномаи қаблӣ бо назардошти пайомади буҳронҳои иқтисодии глобалӣ, паҳншавии пандемияи коронавирус, ҷой доштани мушкилоти геосиёсӣ, низоъҳои тиҷоратӣ ва таҳримҳои иқтисодӣ дар байни мамлакатҳо дар сатҳи зарурӣ иҷро нагардид. Аз ин лиҳоз, дар ҷумҳурӣ ислоҳоти мушаххаси иқтисодӣ ва идоракунӣ роҳандозӣ гардида, ҳамоҳангсозии фаъолияти соҳаҳо ва истифодаи оқилонаи захираҳои дохилӣ аз рӯи имконият ва иқтидори мавҷуда таъмин карда шуд.
Ҳадафи ҳамоиши мазкур- таъмини рушди босуботи иқтисодӣ, ҳамоҳангсозии сиёсати макроиқтисодӣ, пешгирии таъсири манфии омилҳои беруна, гуногунсамтии истеҳсолоти ватанӣ ва иқтисоди миллӣ, дар маҷмуъ баланд бардоштани рақобатпазирии он ва самаранок истифода бурдани сарчашмаҳои дохилии рушди иқтисодӣ мебошад.
АКС: Маҷлиси намондагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон








Наврӯз дар рӯи замин сулҳ ва дӯстӣ меофарад
Дар иҷлосияи дуюми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ, даъвати ҳафтум созишнома ба тасвиб расид
ТАМАДДУНИ ХАЛҚИ ТОҶИК БА НАВРӮЗ ПАЙВАНДИ НОГУСАСТАНӢ ДОРАД. Мулоҳизаҳои муовини Раиси Маҷлиси намояндагон Мавсума Муинӣ дар ин мавзуъ
Ҷаласаи навбатии Комиссияи ҳамкории байнипарлумонии Тоҷикистон ва Русия доир шуд
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Ҷаласаи навбатии Комиссияи доимии Ассамблеяи байнипарламентии ИДМ доир шуд
Дар иҷлосияи дуюми Маҷлиси намояндагон ба якчанд қонун тағйиру илова ворид карда шуд
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Федератсияи Русия созишнома ба тасвиб расид
Нахустин арзишҳои маънавии инсон, заминаи ҷаҳонбинӣ, ахлоқ ва шуур маҳз аз оғӯши модар ташаккул меёбанд
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ, даъвати ҳафтум баргузор шуд
Дар Маҷлиси намояндагон оид ба аҳаммияти гузариш ба низоми дувоздаҳсолаи таълим ҳамоиш доир гардид






