Дар Душанбе нахустин ҷаласаи Шӯрои мураббиёни Федератсияи футболи Тоҷикистон баргузор шуд
ДУШАНБЕ, 18.05.2023 /АМИТ «Ховар»/. 17 май дар Душанбе нахустин ҷаласаи Шӯрои мураббиён дар соли 2023 таҳти раёсати директори техникии Федератсияи футболи Тоҷикистон Салоҳиддин Ғафуров баргузор шуд. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар Федератсияи футболи Тоҷикистон хабар доданд.
Дар ҷаласа ҳисоботи сармураббиёни дастаҳои мунтахаби миллии футболи Тоҷикистон шунида шуд.
Ҳамчунин сармураббиёни дастаҳои Тоҷикистон аз нақшаҳои худ барои моҳҳои оянда сухан гуфтанд. Иштирокдорони ҷаласаи Шӯрои мураббиёни Федератсияи футболи Тоҷикистон дар бораи пешрафти кори дастаҳои мамлакат табодули назар карданд.
Дар се моҳи оянда ин мусобиқаҳо дастаҳои моро интизор ҳастанд: дастаи мунтахаби Тоҷикистон (иштирок дар мусобиқаи «CAFA Nations Cup-2023» дар Тошканд), дастаи наврасони то 17-сола (чемпионати CAFA-2023 U-20 дар Душанбе ва Ҷоми Осиё-2023 байни наврасон дар Таиланд) ва дастаи мунтахаби миллии футзали Тоҷикистон (чемпионати CAFA-2023).
Илова бар ин, дар доираи омодагӣ ба марҳилаи интихобии Ҷоми Осиё-2024 дастаи мунтахаби олимпии Тоҷикистон (U-23) моҳи июн ду бозии дӯстона анҷом медиҳад.
АКС: Федератсияи футболи Тоҷикистон








Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) бо дастаи Кот-д’Ивуар мусовӣ бозӣ намуд
Президенти Кумитаи миллии паралимпии Тоҷикистон дар ҷаласаи Кумитаи байналмилалии паралимпӣ иштирок намуд
Дастаи мунтахаби футзали Тоҷикистон бозии дӯстонаи якумро бо дастаи Узбекистон анҷом дод
Паҳлавонони Тоҷикистон дар Мусобиқаи байналмилалии «Zagreb Grand Prix» оид ба гӯштини ҷудо иштирок менамоянд
Ҷоми Осиё-2027 оид ба футбол аз моҳи декабри соли 2027 то январи 2028 доир мешавад
Ҳайати дастаи мунтахаби Тоҷикистон барои иштирок дар Мусобиқаи «Кing’s Сup-2026» муайян шуд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон дар Дубай се бозии дӯстона анҷом медиҳад
БАРНОМАИ РУШДИ ФУТБОЛ ДАР ТОҶИКИСТОН. Беш аз 15 ҳазор наврасон ба тамрини футбол фаро гирифта шуданд
Шурои мураббиёни ФФТ натиҷаи фаъолияти дастаҳоро ҷамъбаст ва нақшаҳои соли 2027-ро баррасӣ намуд
Варзишгари тоҷик Фатҳулло Одинаев дар марафони байналмилалии Ню-Йорк иштирок намуд
Ҳафт паҳлавони тоҷик дар Чемпионати ҷаҳон оид ба гӯштини кураш дар Қазоқистон иштирок менамоянд
Дастаи миллии Тоҷикистон оид ба футзал бо дастаи мунтахаби Узбекистон бозиҳои дӯстона анҷом медиҳад






