Дар Хуҷанд олимпиадаи ҷумҳуриявӣ аз рӯйи фанҳои ҷамъиятӣ-гуманитарӣ баргузор шуд

Май 25, 2023 13:05

ДУШАНБЕ, 25.05.2023. /АМИТ «Ховар»/. 24 май дар Муассисаи давлатии таълимии «Коллеҷи омӯзгории Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров» олимпиадаи ҷумҳуриявии донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти миёнаи касбӣ аз рӯйи фанҳои ҷамъиятӣ-гуманитарӣ баргузор гардид. Дар он 55 донишҷӯ аз 15 муассисаи таҳсилоти миёнаи касбӣ аз рӯйи 4 фан: забони англисӣ, таърих, забон ва адабиёти тоҷик, забон ва адабиёти рус байни ҳам рақобат намуд. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар маркази матбуоти Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.

Олимпиадаи ҷумҳуриявӣ бо мақсади амалӣ сохтани иқдом дар самти рушди илму маориф, махсусан, ташкили озмунҳо ва олимпиадаҳои ҷумҳуриявӣ барои баланд бардоштани сатҳи саводнокиву маърифатнокии насли ҷавон, беҳтар гардонидани сатҳу сифати таълим ва тарбияи кадрҳои ба талаботи замон ҷавобгӯ ба роҳ монда шуд.

Иштирокчиён тибқи тартиби баргузории олимпиада вобаста ба равия ва фанҳо байни худ сабқат намуданд.

Ғолибон пас аз натиҷагирии олимпиада муайян карда мешаванд.

АКС: Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон

Май 25, 2023 13:05

Хабарҳои дигари ин бахш

Доир ба рушди забони давлатӣ дар 35 соли Истиқлоли давлатӣ ҳамоиши илмӣ баргузор гардид
МАВЛОНО-ОФТОБИ МАЪРИФАТИ БАШАРӢ. Таҳти ин унвон ҳамоиши илмӣ – адабӣ доир шуд
Даври ниҳоии Озмуни ҷумҳуриявии «Омӯзгори сол — Тоҷикистон-2026» оғоз гардид
Натиҷаҳои озмуни тақсимоти давраи сеюми имтиҳонҳои марказонидаи дохилшавӣ муайян мегарданд
Даври ҷумҳуриявии озмуни «Мураббии сол — Тоҷикистон-2026» оғоз гардид
Эмомалӣ Раҳмон: «Муассисаи таълимии №6-и шаҳри Хоруғ ба номи шодравон Алишери Мирзонабот гузошта шавад»
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Хоруғ бинои нави муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №6-ро мавриди истифода қарор доданд
Солҳои охир теъдоди муассисаҳои таълимӣ дар Бадахшон ба таври бесобиқа афзоиш ёфтааст
Дар солҳои соҳибистиқлолӣ дар шаҳру ноҳияҳои Суғд 986 муассисаи таълимӣ ба истифода дода шуд
Байни Академияи идоракунии давлатии Тоҷикистон ва Донишгоҳи технологии Ланҷоу Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
157 довталаб аз шаҳри Душанбе ба даври ниҳоии Озмуни ҷумҳуриявии «Илм – фурӯғи маърифат» роҳхат гирифтанд
ТАШАББУСИ ТОҶИКИСТОН ДАР РУШДИ ЗЕҲНИ СУНЪИИ БЕХАТАР ДАР АРСАИ ҶАҲОНӢ. Мулоҳизаҳо дар ин маврид