Дар шаҳри Тюмени Федератсияи Русия зарфияти сайёҳии Тоҷикистон муаррифӣ гардид
ДУШАНБЕ, 22.05.2023 /АМИТ «Ховар»/. 21 май дар шаҳри Тюмени Федератсияи Русия вохӯрии роҳбарияти Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин намояндагони бахши хусусӣ бо намояндагони мақомоти сайёҳии вилояти Тюмен, ассотсиатсияҳо ва ширкатҳои сайёҳии шаҳри Тюмени Федератсияи Русия баргузор гардид. Дар ҷараёни вохӯрӣ байни ҶДММ «Тревл» ва осоишгоҳҳою ширкатҳои сайёҳии Тоҷикистон 5 ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкорӣ ба имзо расонида шуд.
Тавре ба АМИТ «Ховар» дар Кумитаи рушди сайёҳӣ хабар доданд, ҳадафи асосии вохӯрии мазкур муҳокимаи нақшаҳои рушди соҳаи сайёҳии Тоҷикистон ва вилояти Тюмен, тавсеаи ҳамкории мақомоти сайёҳӣ ва таҳкими робитаҳои байниминтақавӣ, табодули афкор ва ҷалби сайёҳони Русия ба Тоҷикистон мебошад.
Аз ҷониби ҳайати Тоҷикистон ба намояндагони соҳаи сайёҳии Тюмен рӯнамо оид ба имконоти сайёҳии ҷумҳурӣ манзур карда шуд.
Иброз гардид, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон давлати амну осоишта буда, дар он барои қабули сайёҳон тамоми имконият фароҳам оварда шудааст. Дар ин замина пешниҳод гардид, ки ҳамкорӣ дар самти сайёҳӣ ба роҳ монда шавад.
АКС: Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон








«ФЕСТИВАЛИ ТОБИСТОНАИ ДУШАНБЕ-2026»: Пойтахти Тоҷикистон ба муносибати 35-солагии Истиқлоли давлатӣ мизбони ҷашни фарҳангиву фароғатӣ гардид
ИСТИҚЛОЛИЯТ ВА РУШДИ СОҲАИ САЙЁҲӢ. Бадахшон ба яке аз маконҳои муҳими сайёҳии кӯҳӣ, экологӣ ва табобатӣ табдил ёфтааст
Дурнамои ҳамкории Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон бо Бонки Осиёии Рушд баррасӣ гардид
Кормандони сохторҳои шаҳри Душанбе бо мавзеъҳои таърихию сайёҳии минтақаи Кӯлоб шинос шуданд
САЙЁҲИИ ЗИЁРАТӢ. Дар 35 соли Истиқлоли давлатӣ Мамнуъгоҳи Султон Увайси Қаранӣ аз нав эҳё гардида, инфрасохтори сайёҳии он рушд намуд
Дар шаш моҳ беш аз 930 ҳазор сайёҳи дохилию хориҷӣ мавзеъҳои сайёҳии Хатлонро тамошо намуданд
Кормандони сохторҳои шаҳри Душанбе бо имконияти сайёҳии шаҳри Ваҳдат ва дараи Ромит шинос гардиданд
Дар Душанбе дар мавзуи «Сайёҳии устувор ва мероси фарҳангӣ» форуми байналмилалӣ баргузор мегардад
Давоми шаш моҳи соли 2026 зиёда аз 700 ҳазор сайёҳон ба шаҳри Душанбе ташриф овардаанд
Ҳамкории Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон бо муассисаҳои пешрафтаи Чину Ҷопон тақвият меёбад
Кормандони мақомоти шаҳри Душанбе бо имконияти сайёҳӣ ва инфрасохтори энергетикии шаҳри Норак шинос шуданд
Дар шаш моҳ беш аз 30 ҳазор сайёҳони хориҷию дохилӣ ба ноҳияи Варзоб омадаанд






