ДУШАНБЕ-СЯМЭН: 10 СОЛИ РОБИТАҲОИ БАРОДАРШАҲРӢ. Бо ин мақсад имрӯз намоиши аксҳо доир шуд

Май 15, 2023 17:47

ДУШАНБЕ, 15.05.2023. /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар Осорхонаи миллии Тоҷикистон ба муносибати 10-солагии истиқрори робитаҳои бародаршаҳрӣ байни шаҳрҳои Душанбеи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Сямэни Ҷумҳурии Мардумии Чин намоиши аксҳо, ки таҷассумгари воқеии муносибатҳои бародархондагии дуҷониба маҳсуб мешавад, ифтитоҳ гардид, иттилоъ медиҳад мухбири АМИТ «Ховар».

Дар фазои тантанавӣ муовини Раиси шаҳри Душанбе Сиҷоуддин Саломзода ва муовини Раиси шаҳри Сямэн Чжан Жунлян ба намоишгоҳ ҳусни оғоз бахшиданд.

Дар он беш аз 30 расми аксбардорону суратгирони маъруфи Ҷумҳурии Мардумии Чин, ки манзараҳои зебои шаҳри Сямэн, дастовардҳои шаҳрро тӯли солҳои гуногуни мавҷудият, лаҳзаҳои истироҳату фароғати шаҳрвандон ва дигар паҳлуҳои фаъолияти шаҳриёну шаҳрдорони Сямэнро рӯи навор овардаанд, ба маърази тамошо гузошта шуд.

Дар маросими ифтитоҳи Намоишгоҳи аксҳо намояндагони ташкилоту муассисаҳои ҷумҳуриявию шаҳрӣ, корпуси дипломатӣ ва созмонҳои байналхалқиву минтақавӣ иштирок намуданд.


Дар доираи сафари корӣ ҳайати шаҳри Сямэн дар баробари дидору мулоқот бо роҳбарияти шаҳри Душанбе, ҳамзамон аз маконҳои таърихию сайёҳии пойтахт дидан намуд.

Меҳмонон ҳамчунин бо фаъолияти якчанд муассисаву корхона ва марказҳои хизматрасонии шаҳр, бо шумули Майдони «Истиқлол» ва Маҷмааи меъмории рамзи «Истиқлол», Маҷмааи «Кохи Наврӯз», Корхонаи муштараки автомобилбарории ҶДММ «Акиа Авесто Автоматив Индастри», Маркази савдои «Меҳргон» ва ғайра шинос шуданд.

Бо ҳамин сафари кории ҳайати баландпояи шаҳри Сямэн бо роҳбарии муовини Раиси шаҳр Чжан Жунлян дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ба анҷом расид.


Ёдовар мешавем, ки дар доираи сафари ҳайати баландпояи шаҳри Сямэн бо роҳбарии муовини Раиси шаҳр Чжан Жунлян имрӯз бо муовини якуми Раиси шаҳри Душанбе Ҷамшед Табарзода вохӯрӣ доир карда шуд.

Зимни вохӯрии пурмуҳтаво, ки дар фазои созанда сипарӣ гардид, ҷонибҳо масоили марбут ба таҳким ва рушду тавсеаи минбаъдаи ҳамкории мутақобилан судмандро дар доираи муносибатҳои бародархондагӣ баррасӣ намуданд.

Тавре гуфта шуд, Ёддошти тафоҳум дар хусуси паймони бародаршаҳрӣ байни шаҳрҳои Душанбе ва Сямэн 10 июни соли 2013 дар шаҳри Душанбе ба имзо расидааст.

Дар ин давра байни шаҳрҳо равобити судманди пурмаҳсул ба роҳ монда шуда, ҳамкории дуҷониба самту уфуқҳои нав ба нав касб намудааст.

Дар ҷараёни музокирот ҷонибҳо ба тавсеаи ҳамкорӣ дар самтҳои иқтисодию сармоягузорӣ, фарҳангию гуманитарӣ ва дигар масъалаҳои мавриди таваҷҷуҳ, аз ҷумла иқтисоди “сабз” ва рақамӣ таваҷҷуҳи хос зоҳир намуданд.

АКС: АМИТ «Ховар»

Май 15, 2023 17:47

Хабарҳои дигари ин бахш

ҶОМИ ҶАҲОН-2026. Дар Душанбе байни дастаҳои мунтахаби Афғонистон ва Муғулистон бозии интихобӣ доир мешавад
Дар Тоҷикистон ҳаҷми гардиши савдои яклухт, чакана ва таъмири автомобилҳо афзудааст
«ҶОМИ РАИСИ ШАҲРИ ДУШАНБЕ». Дар Душанбе Чемпионати кушоди варзишӣ оид ба велосипедронӣ доир гардид
Бахшида ба Рӯзи Мавлоно дар ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ ҳамоиши бошукуҳ баргузор шуд
Дурнамои ҳамкорӣ байни минтақаҳои Тоҷикистон ва вилояти Новосибирски Русия баррасӣ гардид
Сафари кории Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар Олмон оғоз гардид
МУРОҶИАТНОМАИ ҶСК «БАРҚИ ТОҶИК» БА МУШТАРИЁНИ НЕРУИ БАРҚ
Беш аз 500 корманди Бонки миллии Тоҷикистон дар барномаҳои таълимии JVI такмили дониш намудаанд
Дастаи ҷудои Тоҷикистон дар Чемпионати ҷаҳон байни ҷавонон дар Португалия иштирок менамояд
Дар деҳаи Кули Ҷамоати деҳоти Аскалони ноҳияи Рашт бинои нави таълимӣ барои 300 хонанда ба истифода дода шуд
ҶОМИ ТОҶИКИСТОН– 2023. «Истиқлол» бар дастаи футболи «Регар-ТадАЗ»-и шаҳри Турсунзода ғолиб омад
Дар Душанбе ҷаласаи Шурои ҳамоҳангсозии Стратегияи миллии фарогирии молиявии Тоҷикистон доир шуд