Ҷерардо Коллела дар Театри давлатии академии опера ва балети Душанбе операи «Кармен»-ро ба саҳна мегузорад
ДУШАНБЕ, 17.05.2023 /АМИТ «Ховар»/. Дирижёр ва композитори маъруфи ҷаҳонӣ дар минбари оркестри Театри давлатии академии опера ва балети ба номи Садриддин Айнӣ қарор мегирад. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар маркази матбуоти театр хабар доданд.
Итолиёвии маъруф дар таҳияи операи Ҷорҷ Бизе «Кармен» ба забони асл иштирок мекунад, ки нахустнамоиши он 8 июн, соати 18.00 баргузор мешавад.
Ҷерардо Колелла хатмкардаи Консерваторияи Милан ба номи Ҷузеппе Верди мебошад, ки дар он ҷо аз овони ҷавонӣ маҳорати боистеъдоди худро чун дирижёри хор ва оркестр сайқал дода, инчунин композитсияҳои худро муаррифӣ кардааст. Ҳунарҳои Колелла ва ҷустуҷӯҳои эҷодии ӯ танҳо бо мусиқӣ маҳдуд намешавад — вай Донишгоҳи давлатии Миланро ҳамчун мутахассиси таърихшинос хатм кардааст.
Ин сафари аввалини дирижёри италиявӣ ба Тоҷикистон нест. Шуруъ аз соли 2009 ӯ тайи чанд сол дар Театри давлатии академии опера ва балет ба сифати дирижёр кор карда буд. Дар ин муддат ба тамошобинони тоҷик спектаклҳои ҷолибе пешкаш карда шуд, ки бо мусиқии беназири худ ба репертуари ватанӣ ворид гардиданд.
Бояд гуфт, ки «Кармен»- операи Ҷорҷ Бизе дар чор саҳна буда, нахустнамоиши он 3 марти соли 1875 дар «Опера-Комик»-и Париж доир гардида буд. Либретточиёни опера Анри Меляк ва Людовик Галеви буда, сужа аз рӯи новеллаи ҳамноми Проспер Мериме таҳия шуда буд.
АКС: Театри давлатии академии опера ва балети ба номи Садриддин Айнӣ








Намоишномаи мазҳакавии таҳти унвони «Хоҳ биёӣ, хоҳ наё» дар Москва ба саҳна гузошта шуд
Ҳайти эҷодии Тоҷикистон дар Фестивали V байналмилалии театрӣ дар Ашқобод ҳунари миллии театриро муаррифӣ намуд
Бузургтарин ситораҳои санъати Тоҷикистон дар Театри ба номи Лоҳутӣ тарбия ёфтаанд
РӮЗИ ТЕАТРИ ТОҶИК. Дар Тоҷикистон беш аз 20 театри халқӣ фаъолият мекунад
Дар Душанбе бахшида ба Рӯзи театр ҳамоиш доир гардид
Дар Душанбе намоиши асарҳои рассомони Тоҷикистону Чин доир гардид
Одил Дониш аз Осорхонаи миллии Тоҷикистон боздид намуд
Ҳаракати фарҳангии «Корвони китоб» дар минтақаи Кӯлоб идома дорад
Дар Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъат оид ба нақши фарҳангу санъат дар муносибатҳои байналмилалӣ ҳамоиш баргузор гардид
Ҷилди панҷуми китоби «Таърихи халқи тоҷик» рунамоӣ гардид
«ТОҶИКИСТОН-ВАТАНИ АЗИЗИ МАН». Дар ҳашт сол шумораи иштирокчиёни озмун ба беш аз 33 ҳазор нафар расидааст
Доир ба таъриху фарҳанги Кӯшониён конфронси ҷумҳуриявӣ баргузор шуд






