Ҷерардо Коллела дар Театри давлатии академии опера ва балети Душанбе операи «Кармен»-ро ба саҳна мегузорад

Май 17, 2023 15:33

ДУШАНБЕ, 17.05.2023 /АМИТ «Ховар»/. Дирижёр ва композитори    маъруфи ҷаҳонӣ дар минбари оркестри Театри давлатии академии опера ва балети ба номи Садриддин Айнӣ қарор мегирад.  Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар маркази матбуоти театр хабар доданд.

Итолиёвии маъруф дар таҳияи операи Ҷорҷ Бизе «Кармен» ба забони асл иштирок мекунад, ки нахустнамоиши он 8 июн, соати 18.00 баргузор мешавад.

Ҷерардо Колелла хатмкардаи Консерваторияи Милан ба номи Ҷузеппе Верди мебошад, ки дар он ҷо аз овони ҷавонӣ  маҳорати боистеъдоди худро чун дирижёри хор ва оркестр сайқал дода, инчунин композитсияҳои худро муаррифӣ кардааст. Ҳунарҳои Колелла ва ҷустуҷӯҳои эҷодии ӯ танҳо бо мусиқӣ маҳдуд намешавад — вай Донишгоҳи давлатии Миланро ҳамчун мутахассиси таърихшинос хатм кардааст.

Ин сафари аввалини дирижёри италиявӣ ба Тоҷикистон нест. Шуруъ аз соли 2009 ӯ тайи чанд сол дар Театри давлатии академии опера ва балет ба сифати дирижёр кор карда буд. Дар ин муддат ба тамошобинони тоҷик спектаклҳои ҷолибе пешкаш карда шуд, ки бо  мусиқии беназири худ ба репертуари ватанӣ ворид гардиданд.

Бояд гуфт, ки «Кармен»- операи Ҷорҷ Бизе дар чор саҳна буда, нахустнамоиши он 3 марти соли 1875 дар  «Опера-Комик»-и Париж доир гардида буд. Либретточиёни опера Анри Меляк ва Людовик Галеви буда, сужа аз рӯи новеллаи ҳамноми Проспер Мериме таҳия шуда буд.

АКС: Театри давлатии академии опера ва балети ба номи Садриддин Айнӣ

Май 17, 2023 15:33

Хабарҳои дигари ин бахш

НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ. 21 июл дар вазорату идораҳои Тоҷикистон нишастҳои матбуотӣ оғоз мегарданд
«Қалъаи Хуҷанд» ба рӯйхати 10 мавзеи ҷолиби сайёҳии Тоҷикистон шомил гардидааст
Дар мавзеи Сари Майни ноҳияи Айнӣ корҳои омӯзишии бостоншиносӣ ва антропологӣ оғоз ёфт
Санъаткорони Қирғизистон Осорхонаи миллии Тоҷикистонро тамошо карданд
Дар Душанбе бо мақсади рушди ҳамкорӣ дар самти илмҳои яхшиносӣ вохӯрӣ баргузор гардид
Ба Маркази мероси хаттӣ беш аз 100 нусха китобҳои чопи сангӣ ва дастнависҳо тақдим гардид
«ШОҲНОМА». Фирдавсӣ дар сар то сари ин асари безавол дӯст доштани Ватанро таъкид мекунад
Беш аз 23 ҳазор нусха китобҳои Китобхонаи миллии Тоҷикистон ба шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ фиристода шуд
«ДӮСТИИ АБАДӢ». Таҳту чунин унвон барномаи фарҳангии Тоҷикистон ва Қирғизистон доир мегардад
Собиқ Вазири фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон Тамара Абдушукурова аз олам даргузашт
Ҷаласаи вазирони фарҳанги давлатҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхай доир гардид
Имсол дар Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон 8 озмоишгоҳи замонавӣ ба истифода дода шуд