«ФУРӮҒИ СУБҲИ ДОНОӢ КИТОБ АСТ». Дар шаҳру ноҳияҳои Тоҷикистон даври дуюми озмун гузаронида шуд
ДУШАНБЕ, 20.05.2023. /АМИТ «Ховар»/. Аз 10 то 17 май дар шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ даври дуюми озмуни «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» баргузор гардид, ки дар он хонандагони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ, ибтидоӣ, миёна ва олии касбӣ, магистрантону докторантон, кормандони касбу кори гуногун иштирок намуданд. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар маркази матбуоти Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.
Аз ҷумла, дар ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе низ даври дуюми озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» дар муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №31 баргузор гардид, ки дар он 898 иштирокчӣ аз рӯйи 6 номинатсия: адабиёти кӯдакон ва наврасон, адабиёти классикии тоҷик, адабиёти муосири тоҷик, адабиёти ҷаҳон, эҷоди назм ва эҷоди наср баромад намуда, дониш ва малакаи худро санҷиданд.
Имсол дар Озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» шумораи зиёди омӯзгорону кормандони соҳаи маориф, аз ҷумла, 6 корманди Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ва муассисаҳои тобеи он иштирок намуд.
Озмун соли панҷум аст, ки бо мақсади баланд бардоштани завқи китобхонӣ, тақвияти неруи зеҳнӣ, дарёфти чеҳраҳои нави суханвару сухандон, арҷ гузоштан ба арзишҳои миллию фарҳангӣ, инкишофи қобилияти эҷодӣ, таҳкими эҳсоси худогоҳию худшиносӣ, такмили захираи луғавӣ, тақвияти ҷаҳони маънавӣ миёни аҳолии мамлакат, аз ҷумла хонандагони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ, хонандагон ва донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти ибтидоӣ, миёна ва олии касбӣ, баъд аз муассисаҳои таҳсилоти касбӣ (магистрҳо, аспирантҳо, докторантҳо), омӯзгорони ҳамаи зинаҳои таҳсилот, ходимони илмию адабии муассисаҳои илмиву эҷодӣ, фарҳангу санъат, калонсолон, намояндагони касбу кори гуногун ва дигар табақаҳои аҳолии ҷумҳурӣ доир мегардад.
Бояд тазаккур дод, ки Озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» таҳти сарпарастии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз соли 2019 инҷониб ҳамасола дар чор давр барпо мегардад. Ғолибони номинатсияҳо бо диплом ва то 35 ҳазор сомонӣ ва барандаи Шоҳҷоизаи озмун бо диплому 70 ҳазор сомонӣ маблағ қадрдонӣ карда мешаванд.
АКС: Маркази матбуоти Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон








Академияи идоракунии давлатии Тоҷикистон бо Ҷамъияти ҳуқуқшиносони Шанхай ҳамкориро тақвият медиҳад
Сабзалӣ Ҷаъфарзода: «Таъсиси Маркази миллии тестӣ аз ҷумлаи ислоҳоти муҳимми соҳаи маориф дар даврони соҳибистиқлолии Тоҷикистон аст»
Маркази миллии тестӣ натиҷаҳои озмуни тақсимоти такрории давраи сеюми имтиҳонҳои дохилшавиро эълон намуд
Дар ноҳияи Шаҳристон ба беҳтар намудани сатҳу сифати таълиму тарбия таваҷҷуҳи хосса дода мешавад
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва Муассисаи фарҳангии АКК Созишнома оид ба омӯзиши забони ҷопонӣ ба имзо расид
Дар шаҳри Ҳисор бинои мактаб, варзишгоҳ ва коргоҳи дӯзандагӣ ба истифода дода шуд
Дар даврони соҳибистиқлолӣ дар шаҳри Кӯлоб 53 бинои муассисаи таълимӣ ба истифода дода шуд
Давраи чоруми бақайдгирии довталабон барои иштирок дар ИМД-2026 баргузор мегардад
Дар Душанбе доир ба ташаккули маърифати зиддикоррупсионӣ ҳамоиш баргузор гардид
Донишгоҳи технологии Тоҷикистон соҳиби аккредитатсияи байналмилалии институтсионалӣ гардид
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ин давра дар Бадахшон 300 муассисаи таҳсилоти умумӣ ба истифода дода шуд






