ФУТБОЛ. Замони оғози бозиҳои мусобиқаи «Cafa Nations Cup-2023» тасдиқ шуд
ДУШАНБЕ, 30.05.2023 /АМИТ «Ховар»/. Ассотсиатсияи футболи Осиёи Марказӣ вақти оғози бозиҳои мусобиқаи «CAFA Nations Cup-2023»-ро, ки аз 10 то 20 июн дар шаҳрҳои Тошканду Бишкек баргузор мешавад, тасдиқ намуд. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар Федератсияи футболи Тоҷикистон хабар доданд.
Дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар гурӯҳи «А» бо яккачинҳои Узбекистон, Туркманистон ва Уммон рақобат менамояд. Бозиҳо дар ин чаҳоргона дар шаҳри Тошканд баргузор мешаванд.
Дастаи мунтахаби Тоҷикистон нахустин бозии худро дар Ҷоми миллатҳои Ассотсиатсияи футболи Осиёи Марказӣ рӯзи 11-уми июн бо мунтахаби Туркманистон анҷом медиҳад. Ин вохӯрӣ дар варзишгоҳи «Пахтакор» соати 18:30 оғоз мешавад.
Дар даври дуюм, 14 июн дастаи мо дар варзишгоҳи «Пахтакор» бо мунтахаби Уммон бозӣ мекунад. Оғози ин вохӯрӣ соати 18:30 дар назар аст.
Дар даври ниҳоии марҳилаи гурӯҳӣ, 17 июн мунтахаби Тоҷикистон бо тими миллии Узбекистон бозӣ менамояд. Ин бозӣ дар варзишгоҳи «Бунёдкор» соати 20:30 оғоз мешавад.
Бар асоси низомномаи Ҷоми миллатҳои CAFA дар марҳилаи гурӯҳӣ бозиҳо аз рӯйи системаи даврӣ дар як марҳила баргузор мешаванд. Сипас, ғолибони гурӯҳҳо дар финал ба ҳам меоянд. Дастаҳое, ки дар гурӯҳҳои худ ҷойи дуюмро мегиранд, барои нишонҳои биринҷӣ мубориза мебаранд. Бозии финалӣ 20 июн дар Тошканд баргузор мешавад.
Ҷоми миллатҳои Ассотсиатсияи футболи Осиёи Марказӣ-2023
Гурӯҳи «А»
Узбекистон (мизбони гурӯҳ)
ТОҶИКИСТОН
Туркманистон
Уммон
Даври 1
11 июн (якшанбе)
Оғоз – соати 18:30
ТОҶИКИСТОН – Туркманистон
Тошканд, варзишгоҳи «Пахтакор»
11 июн (якшанбе)
Оғоз – соати 18:30
Узбекистон – Уммон
Тошканд, варзишгоҳи «Бунёдкор»
Даври 2
14 июн (чоршанбе)
Оғоз – соати 18:30
Уммон – ТОҶИКИСТОН
Тошканд, варзишгоҳи «Пахтакор»
14 июн (чоршанбе)
Оғоз – соати 20:30
Туркманистон – Узбекистон
Тошканд, варзишгоҳи «Бунёдкор»
Даври 3
17 июн (шанбе)
Оғоз – соати 18:30
Туркманистон – Уммон
Тошканд, варзишгоҳи «Пахтакор»
17 июн (шанбе)
Оғоз – соати 20:30
Узбекистон – ТОҶИКИСТОН
Тошканд, варзишгоҳи «Бунёдкор»
Бозӣ барои ҷойи сеюм
20 июн (сешанбе)
Оғоз – соати 18:30
Ҷойи дуюми гурӯҳи «В» – ҷойи дуюми гурӯҳи «А»
Тошканд, варзишгоҳи «Пахтакор»
Финал
20 июн (сешанбе)
Оғоз – соати 20:30
Ғолиби гурӯҳи «А» – ғолиби гурӯҳи «В»
Тошканд, варзишгоҳи «Бунёдкор»
АКС: Федератсияи футболи Тоҷикистон








Ҳайати дастаи мунтахаби Тоҷикистон барои бозиҳои дӯстона бо дастаҳои Озарбойҷон, Фаластин ва Чин муайян гардид
Душанбе маротибаи дуюм мизбони Ҷоми ҷаҳон оид ба самбо мегардад
Варзишгари тоҷик Ҷаҳонгир Камолов дар Мусобиқаи байналмилалии Ҷоми АвруОсиё соҳиби медали тилло шуд
Дар Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон бо варзишгарон-шиноварони Тоҷикистон вохӯрӣ доир гардид
Бахшида ба 35-солагии Истиқлоли давлатӣ дар Нуробод иншооти нави таълимӣ, варзишӣ ва хизматрасонӣ ифтитоҳ гардид
Варзишгарони тоҷик дар Бозиҳои XX Осиёӣ иштирок менамоянд
Дар Олмон бахшида ба 35-солагии Истиқлоли давлатии Тоҷикистон мусобиқаи муштараки футбол доир шуд
Мусобиқаи байналмилалӣ оид ба теннис барои дарёфти «Ҷоми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон» оғоз гардид
Дар шаҳри Ҳисор бо иштироки муовини Сарвазири Тоҷикистон ду иншооти варзишӣ ба истифода дода шуд
Дастаи мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон (U-20) ба марҳилаи ниҳоии Ҷоми Осиё-2027 роҳ ёфт
Дар Тоҷикистон нахустин толори варзишии шамшербозии «Шеру Шамшер» ифтитоҳ шуд
ҶОМИ ОСИЁ-2027. Дастаи мунтахаби Тоҷикистон (U-20) дар бозии даври дуюми марҳилаи интихобӣ тими Афғонистонро мағлуб кард






