ФУТБОЛ. Замони оғози бозиҳои мусобиқаи «Cafa Nations Cup-2023» тасдиқ шуд

Май 30, 2023 18:00

ДУШАНБЕ, 30.05.2023 /АМИТ «Ховар»/. Ассотсиатсияи футболи Осиёи Марказӣ вақти оғози бозиҳои мусобиқаи «CAFA Nations Cup-2023»-ро, ки аз 10 то 20 июн дар шаҳрҳои Тошканду Бишкек баргузор мешавад, тасдиқ намуд. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар Федератсияи футболи Тоҷикистон хабар доданд.

Дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар гурӯҳи «А» бо яккачинҳои Узбекистон, Туркманистон ва Уммон рақобат менамояд.  Бозиҳо дар ин чаҳоргона дар шаҳри Тошканд баргузор мешаванд.

Дастаи мунтахаби Тоҷикистон нахустин бозии худро дар Ҷоми миллатҳои Ассотсиатсияи футболи Осиёи Марказӣ рӯзи 11-уми июн бо мунтахаби Туркманистон анҷом медиҳад. Ин вохӯрӣ дар варзишгоҳи «Пахтакор» соати 18:30 оғоз мешавад.

Дар даври дуюм, 14 июн дастаи мо дар варзишгоҳи «Пахтакор» бо мунтахаби Уммон бозӣ мекунад. Оғози ин вохӯрӣ соати 18:30 дар назар аст.

Дар даври ниҳоии марҳилаи гурӯҳӣ, 17 июн мунтахаби Тоҷикистон бо тими миллии Узбекистон бозӣ менамояд.  Ин бозӣ дар варзишгоҳи «Бунёдкор» соати 20:30 оғоз мешавад.

Бар асоси низомномаи Ҷоми миллатҳои CAFA дар марҳилаи гурӯҳӣ бозиҳо аз рӯйи системаи даврӣ дар як марҳила баргузор мешаванд. Сипас, ғолибони гурӯҳҳо дар финал ба ҳам меоянд. Дастаҳое, ки дар гурӯҳҳои худ ҷойи дуюмро мегиранд, барои нишонҳои биринҷӣ мубориза мебаранд. Бозии финалӣ 20 июн дар Тошканд баргузор мешавад.

Ҷоми миллатҳои Ассотсиатсияи футболи Осиёи Марказӣ-2023  

Гурӯҳи «А»

Узбекистон (мизбони гурӯҳ)
ТОҶИКИСТОН
Туркманистон
Уммон

Даври 1
11 июн (якшанбе)
Оғоз – соати 18:30

ТОҶИКИСТОН – Туркманистон

Тошканд, варзишгоҳи «Пахтакор»

11 июн (якшанбе)
Оғоз – соати 18:30

Узбекистон –  Уммон

Тошканд, варзишгоҳи «Бунёдкор»

Даври 2
14 июн (чоршанбе)
Оғоз – соати 18:30

Уммон – ТОҶИКИСТОН

Тошканд, варзишгоҳи «Пахтакор»

14 июн (чоршанбе)
Оғоз – соати 20:30

Туркманистон –  Узбекистон

Тошканд, варзишгоҳи «Бунёдкор»

Даври 3
17 июн (шанбе)
Оғоз – соати 18:30

Туркманистон – Уммон

Тошканд, варзишгоҳи «Пахтакор»

17 июн (шанбе)
Оғоз – соати 20:30

Узбекистон – ТОҶИКИСТОН

Тошканд, варзишгоҳи «Бунёдкор»

Бозӣ барои ҷойи сеюм
20 июн (сешанбе)
Оғоз – соати 18:30

Ҷойи дуюми гурӯҳи «В» – ҷойи дуюми гурӯҳи «А»

Тошканд, варзишгоҳи «Пахтакор»

Финал
20 июн (сешанбе)
Оғоз – соати 20:30

Ғолиби гурӯҳи «А» – ғолиби гурӯҳи «В»

Тошканд, варзишгоҳи «Бунёдкор»

АКС: Федератсияи футболи Тоҷикистон

Май 30, 2023 18:00

Хабарҳои дигари ин бахш

Дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футзал бозии дӯстонаи дуюмро бо Узбекистон мусовӣ анҷом дод
Дастаи мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон (U-20) дар оғози Мусобиқаи «Рanda Сup-2026» бо Кореяи Ҷанубӣ ҳисоби бозиро мусовӣ кард
Дастаи мунтахаби Тоҷикистон омодагӣ ба мусобиқаи «Кing’s Сup 2026»-ро оғоз кард
Паҳлавонони тоҷик аз Чемпионати ҷаҳон оид ба самбо бо шаш медали ифтихорӣ бармегарданд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) бо дастаи Кот-д’Ивуар мусовӣ бозӣ намуд
Президенти Кумитаи миллии паралимпии Тоҷикистон дар ҷаласаи Кумитаи байналмилалии паралимпӣ иштирок намуд
Дастаи мунтахаби футзали Тоҷикистон бозии дӯстонаи якумро бо дастаи Узбекистон анҷом дод
Ҷоми Осиё-2027 оид ба футбол аз моҳи декабри соли 2027 то январи 2028 доир мешавад
Ҳайати дастаи мунтахаби Тоҷикистон барои иштирок дар Мусобиқаи «Кing’s Сup-2026» муайян шуд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон дар Дубай се бозии дӯстона анҷом медиҳад
БАРНОМАИ РУШДИ ФУТБОЛ ДАР ТОҶИКИСТОН. Беш аз 15 ҳазор наврасон ба тамрини футбол фаро гирифта шуданд
Шурои мураббиёни ФФТ натиҷаи фаъолияти дастаҳоро ҷамъбаст ва нақшаҳои соли 2027-ро баррасӣ намуд