ХАБАРИ ХУШ! Барандагони медалҳои олимпӣ дар Тоҷикистон кумаки молии якумра хоҳанд гирифт
ДУШАНБЕ, 25.05.2023. /АМИТ «Ховар»/. Аз 1 январи соли 2024 дар асоси Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамасола ба ғолибон ва ҷоизадорони Бозиҳои олимпӣ, паралимпӣ ва сурдолимпи тартиби нави пардохтҳои моддӣ муайян мешавад. Аз ҷумла, ба ғолибону ҷоизадорони Бозиҳои олимпӣ, ки дар даврони Истиқлоли давлатӣ соҳиби медал гардидаанд, моҳонаи якумра пардохт карда мешавад. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» сардори Раёсати тарбияи ҷисмонӣ ва инкишофи варзиши дастгоҳи марказии Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Муҳаммадтолиб Шокирзода хабар дод.
Ин амал дар асоси Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки аз 29 апрели соли 2023 «Дар бораи Тартиби пардохти моддии моҳонаи якумра ба ғолибон ва ҷоизадорони бозиҳои олимпӣ, паралимпӣ ва сурдолимпӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» ба тасвиб расид, ба роҳ монда мешавад.
Тибқи ин ҳуҷҷат намудҳои олимпии варзиши инфиродӣ ва даставӣ 50 нишондод барои ҳисобҳо барои ҷойи аввал (як нишондиҳанда барои ҳисобҳо 68 сомонӣ), барои ҷойи дуюм 30 нишондод ва барои ҷойи сеюм 20 нишондиҳанда барои ҳисобҳо муқаррар мегардад.
Дар санади мазкур омадааст, ки агар варзишгар аз ҷониби Ташкилоти дахлдори зидди допинг барои вайронкунии эҳтимолии қоидаҳои зидди допинг муҷозот карда шавад, кумакпулии якумрӣ бекор карда мешавад.
Агар қоидавайронкунӣ тасдиқ нашавад, пас кӯмакпулӣ, аз ҷумла барои моҳҳои пардохтнашуда ҳангоми санҷиш идома хоҳад ёфт.
Асосҳои маҳрум кардан аз кӯмакпулии якумрӣ инчунин марг, вайрон кардани одоби варзишӣ ва иштирок дар мусобиқаҳои байналмилалӣ аз номи давлати хориҷӣ мебошад.
Дар айни замон дар Тоҷикистон ба 4 варзишгар муяссар шудааст, ки медали бозиҳои олимпиро ба даст оранд, аз ҷумла, медали тилло ба Дилшод Назаров (варзиши сабук), медали нуқра ба Юсуф Абдусаломов (гўштин), медалҳои биринҷӣ ба Расул Боқиев (ҷудо) ва Мавзуна Чориева (бокс).
АКС: Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон








Дар Бадахшон лигаи волейбол байни мардон оғоз гардид
Дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футбол дар бозии дӯстона тими миллии Ҳиндустонро мағлуб кард
Варзишгар аз Тоҷикистон Абдулмаҷид Кудиев дар Узбекистон медали тиллоро сазовор шуд
ФУТБОЛ. Дастаи олимпии Тоҷикистон (U-23) бо ҳамсолони худ аз Чин бозиҳои дӯстона баргузор мекунад
Ғолибони Чемпионати Осиё оид ба бокс қадрдонӣ карда шуданд
Ҳайати дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футбол барои бозиҳои дӯстона бо тими мунтахаби Ҳиндустон муайян гардид
ФУТБОЛ. Дастаи мунтахаби Тоҷикистон бо тими мунтахаби Ҳиндустон бозиҳои дӯстона анҷом медиҳад
Дар Ёвон гулгашти фарҳангию фароғатӣ бо муҷассамаи «Рамзи футбол» ба истифода дода шуд
Дар деҳаи ба номи Иброҳим Бозорови шаҳри Турсунзода бахшида ба Рӯзи ҷаҳонии футбол майдони варзишии «Ҳумо Арена» ифтитоҳ ёфт
Бахшида ба Рӯзи ҷаҳонии футбол Фестивали бошукуҳи футбол баргузор гардид
Дар Душанбе Варзишгоҳи миллӣ ба истифода дода мешавад
Хислатҳои неки роҳбарии Рустами Эмомалӣ -ҳадафмандӣ, таваҷҷуҳ ба таҷрибаҳои беназир, эҳтиром ба одамон ва муоширати сатҳи баланд






