Хонандагони муассисаҳои таълимии Душанбе дар олимпиадаҳои фанҳои ҷамъиятӣ-гуманитарӣ соҳиби ҷойи аввал гардиданд

Май 2, 2023 17:36

ДУШАНБЕ, 02.05.2023. /АМИТ «Ховар»/.  Хонандагони шаҳри Душанбе дар олимпиадаҳои ҷумҳуриявии фаннӣ барои хонандагони синфи 11 аз фанҳои ҷамъиятӣ-гуманитарӣ соҳиби 70 ҷойи ифтихорӣ (6 медали тилло, 28 медали нуқра ва 36 медали биринҷӣ) ва сазовори ҷойи аввал шуданд. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар маркази матбуоти Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.

Дар олимпиадаҳо хонандагони вилояти Суғд сазовори 46 ҷойи ифтихорӣ (11 медали нуқра ва 35 медали биринҷӣ, вилояти Хатлон сазовори 40 ҷойи ифтихорӣ (8 медали нуқра ва 32 медали биринҷӣ), шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ сазовори 7 ҷойи ифтихорӣ (2 медали нуқра ва 5 медали биринҷӣ) ва Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон сазовори 10 ҷойи ифтихорӣ (5медали нуқра ва 5 медали биринҷӣ) гардид.

Дар олимпиадаҳои мазкур 1004 хонандаи синфи 11-и муассисаҳои таҳсилоти умумии ҷумҳурӣ фаъолона иштирок намуд, ки нисбат ба соли 2022  284 нафар (28,3%) зиёд аст. Дар озмун 173 хонанда сазовори ҷойҳои ифтихорӣ (6 нафар сазовори медали тилло, 54 кас сазовори медали нуқра ва 113 нафар соҳиби медали биринҷӣ) шуд.

Ёдовар мешавем, ки олимпиадаҳо аз 27 то 30 апрел дар шаҳри Душанбе баргузор гардид.

АКС: Маркази матбуоти Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон

Май 2, 2023 17:36

Хабарҳои дигари ин бахш

Эмомалӣ Раҳмон: «Муассисаи таълимии №6-и шаҳри Хоруғ ба номи шодравон Алишери Мирзонабот гузошта шавад»
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Хоруғ бинои нави муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №6-ро мавриди истифода қарор доданд
Солҳои охир теъдоди муассисаҳои таълимӣ дар Бадахшон ба таври бесобиқа афзоиш ёфтааст
Дар солҳои соҳибистиқлолӣ дар шаҳру ноҳияҳои Суғд 986 муассисаи таълимӣ ба истифода дода шуд
Байни Академияи идоракунии давлатии Тоҷикистон ва Донишгоҳи технологии Ланҷоу Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
157 довталаб аз шаҳри Душанбе ба даври ниҳоии Озмуни ҷумҳуриявии «Илм – фурӯғи маърифат» роҳхат гирифтанд
ТАШАББУСИ ТОҶИКИСТОН ДАР РУШДИ ЗЕҲНИ СУНЪИИ БЕХАТАР ДАР АРСАИ ҶАҲОНӢ. Мулоҳизаҳо дар ин маврид
Доир ба масоили муҳими соҳаи нақлиёт ва инфрасохтори роҳҳо конференсияи байналмилалӣ баргузор шуд
ФАРДОИ ТОҶИКИСТОН ИМРӮЗ ДАР МАКТАБ АСТ. Андешаҳо дар ҳошияи суханронии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Рӯзи дониш
Зиёда аз 40 ҳазор нафар ҷавонони Тоҷикистон дар муассисаҳои таҳсилоти олии қариб 50 кишвари ҷаҳон илму дониш ва касбҳои муосир меомӯзанд
Масоили омода намудани мутахассисон дар дохил ва хориҷи Тоҷикистон баррасӣ шуд
350 нафар донишҷӯёни тоҷик дар Ҷумҳурии Корея таҳсил менамоянд