Имрӯз дар ноҳияҳои водигии Тоҷикистон ҳарорати ҳаво то 8-13 дараҷа паст мешавад
ДУШАНБЕ, 06.05.2023 /АМИТ «Ховар»/. Шабонарӯзи наздик дар ҷумҳурӣ якбора номусоид шудани вазъи ҳаво дар назар буда, дар баъзе минтақаҳои ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ ва вилояти Хатлон борони бошиддат ва раъду барқ ба амал омада, боридани жола аз эҳтимол дур нест. 6 май дар ноҳияҳои водигӣ ҳарорати ҳаво то 8-13 дараҷа паст мешавад, иттилоъ доданд ба АМИТ «Ховар» дар Агентии обуҳавошиносии Тоҷикистон.
Имрӯз дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ шуда, дар баъзе ноҳияҳо борони кӯтоҳмуддат ба амал меояд. Ҳаво дар ғарби вилоят шабона 3+8 дараҷа гарм ва рӯзона 11-16 дараҷа гарм, дар шарқи вилоят шабона 3-8 дараҷа хунук, рӯзона 2+7 дараҷа гарм мешавад.
Дар вилояти Суғд ҳавои тағйирёбандаи асосан бебориш пешгӯӣ шуда, рӯзона ҳавои абрнок шуда, дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳӣ ва доманакӯҳ борони кӯтоҳмуддат ва эҳтимол раъду барқ ба амал ояд. Ҳаво дар водиҳо шабона 10+15 дараҷа гарм, рӯзона 17+22 дараҷа гарм, дар ноҳияҳои кӯҳӣ шабона аз 1+6 дараҷа гарм, рӯзона 7+12 дараҷа гарм мешавад.
Дар вилояти Хатлон ҳавои абрнок пешгӯӣ шуда, рӯзона борони кӯтоҳмуддат ва дар баъзе ноҳияҳо жолаи бошиддат ба амал омада, рух додани раъду барқ аз эҳтимол дур нест. Шамол аз самти ғарб бо суръати 5-10 ва дар баъзе ҳолатҳо то 17-22 метр дар як сония мевазад. Ҳаво дар водиҳо шабона 12+17 дараҷа гарм, рӯзона 17+22 дараҷа гарм, дар ноҳияҳои доманакӯҳ шабона 5+10 ва рӯзона 8+13 дараҷа гарм мешавад.
Дар шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад. Ҳаво дар водиҳо шабона 9+14 дараҷа гарм, рӯзона 15+20 дараҷа гарм, дар ноҳияҳои кӯҳӣ шабона 5+10 ва рӯзона 11+16 дараҷа гарм мешавад.
Дар Душанбе ҳавои абрнок пешгӯӣ шуда, борони кӯтоҳмуддат ба амал меояд. Ҳамзамон ба амал омадани раъду барқ ва жола аз эҳтимол дур нест. Шамол аз самти ғарб бо суръати 5-10 метр дар як сония мевазад. Ҳаво шабона 10+12 дараҷа ва рӯзона 15+17 дараҷа гарм мешавад.
6 май шабона бо сабаби омилҳои метеорологӣ (чангбоде, ки аз самти минтақаҳои ҷанубу ғарбӣ ва ғарбӣ ба мамлакат ворид мегардад), дар вилояти Хатлон, ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ ва шаҳри Душанбе баланд шудани ҳолати ифлосшавии ҳавои атмосфера аз эҳтимол дур нест.








Имрӯз дар доманакӯҳҳои Тоҷикистон ҳаво то 36 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 39 дараҷа гарм мешавад
Дар Филиали Донишгоҳи давлатии Москва дар шаҳри Душанбе ду маркази нави илмӣ ба фаъолият оғоз менамояд
Дар муассисаҳои таҳсилоти олии вилояти Ивановои Федератсияи Русия зиёда аз 600 шаҳрванди Тоҷикистон таҳсил менамоянд
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Филиали Донишкадаи энергетикии Москва дар шаҳри Душанбе нишасти матбуотӣ доир мегардад
Филиали Донишгоҳи миллии таҳқиқотии технологӣ «МИСИС»-ро 127 донишҷӯ хатм намуд
Тоҷикистон ва Ҷопон ҳамкориро дар соҳаи энергетика ва захираҳои об густариш медиҳанд
15 хатмкунандаи Филиали Донишкадаи рушди менеҷменти Сингапур тибқи стандартҳои таълимии Британияи Кабир соҳиби дараҷаҳои магистрӣ шуданд
ПАНҶСОЛАИ РУШДИ САНОАТ. Дар ноҳияи Рашт 10 коргоҳи истеҳсолию корхонаи саноатӣ ба истифода дода мешавад
Ғолибони даври дуюми Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон — Ватани азизи ман» муайян гардиданд






