Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда дар назар аст
ДУШАНБЕ, 26.05.2023 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво тағйирёбанда шуда, эҳтимоли ба амал омадани раъду барқ ва боридани борону жола вуҷуд дорад. Ҳарорат рӯзона дар баъзе ноҳияҳо то 34 дараҷа мерасад, иттилоъ доданд ба АМИТ «Ховар» дар Агентии обуҳавошиносии Тоҷикистон.
Дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ шуда, дар баъзе ноҳияҳо борони кӯтоҳмуддат дар назар дошта шудаст. Шамол аз самти ғарб бо шиддати 4-9 метр дар як сония мевазад. Ҳаво дар ғарби вилоят шабона 6+11 дараҷа гарм ва рӯзона 16+21 дараҷа гарм мешавад. Дар шарқи вилоят шабона 0-5 дараҷа хунук, рӯзона 5+10 дараҷа гарм мешавад.
Дар вилояти Суғд ҳавои тағйирёбанда, дар водиҳо бебориш пешгӯӣ шуда, дар баъзе ноҳияҳои кӯҳӣ борони кӯтоҳмуддат ва эҳтимол раъду барқ ба амал ояд. Ҳаво дар водиҳо шабона 13+18 дараҷа гарм, рӯзона 28+33 дараҷа гарм, дар ноҳияҳои кӯҳӣ шабона 2+7 ва рӯзона 15+20 дараҷа гарм мешавад.
Дар вилояти Хатлон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ шуда, дар баъзе ноҳияҳо борони кӯтоҳмуддат ва эҳтимол раъду барқ ба амал ояд. Ҳаво дар водиҳо шабона 14+19 ва рӯзона 31+36 дараҷа гарм, дар доманакӯҳҳо шабона 10+15 ва рӯзона 21+26 дараҷа гарм мешавад.
Дар шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ ҳавои тағйирёбанда, дар водиҳо шабона ва саҳаргоҳон борони кӯтоҳмуддат ва раъду барқ ба амал омада, рӯзона ҳавои бебориш дар назар аст. Дар ноҳияҳои кӯҳӣ борони кӯтоҳмуддат ва раъду барқ ба амал меояд. Ҳаво дар водиҳо шабона 13+18, рӯзона 28+33 дараҷа гарм хоҳад шуд. Дар ноҳияҳои кӯҳӣ шабона 6+11 дараҷа гарм, дар баъзе ноҳияҳо рӯзона 17+22 дараҷа гарм мешавад.
Дар Душанбе ҳавои тағйирёбанда, шабона ва саҳаргоҳон борони кӯтоҳмуддат ба амал омада, рӯзона ҳавои бебориш пешгӯӣ мешавад. Шамол аз самти ғарб бо суръати 4-9 метр дар як сония мевазад. Ҳаво шабона 14+16 дараҷа ва рӯзона 28+30 дараҷа гарм мешавад.








15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Имрӯз дар ноҳияҳои доманакӯҳи Тоҷикистон бориши борон пешгӯӣ мешавад
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид






