Имрӯз дар Тоҷикистон баландшавии ҳарорати ҳаво дар назар аст
ДУШАНБЕ, 10.05.2023 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри тағйирёбанда дар назар буда, ҳарорат рӯзона баланд шуда, дар баъзе ноҳияҳо то 34 дараҷа гарм хоҳад шуд, иттилоъ доданд ба АМИТ «Ховар» дар Агентии обуҳавошиносии Тоҷикистон.
Имрӯз дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад. Ҳаво дар ғарби вилоят шабона 2+7 дараҷа гарм ва рӯзона 11+16 дараҷа гарм мешавад.
Дар вилояти Суғд ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад. Ҳаво дар водиҳо шабона 10+15 дараҷа гарм, рӯзона 21+26 дараҷа гарм, дар ноҳияҳои кӯҳӣ шабона аз 2 дараҷа хунук то 3 дараҷа гарм, рӯзона 10+15 дараҷа гарм мешавад. Дар шарқи вилоят шабона 4-9 дараҷа хунук, рӯзона 3+8 дараҷа гарм мешавад.
Дар вилояти Хатлон ҳавои камабри бебориш пешгӯӣ мешавад. Ҳарорати ҳаво дар водиҳо шабона 11+16 дараҷа гарм ва рӯзона 29+34 дараҷа гарм мешавад. Дар ноҳияҳои доманакӯҳӣ шабона 8+13 дараҷа гарм, рӯзона 24+29 дараҷа гарм мешавад.
Дар шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад. Ҳарорати ҳаво ҳаво баланд шуда, то 24+29 дараҷа гарм хоҳад шуд. Дар ноҳияҳои кӯҳӣ шабона 5+10 дараҷа гарм, дар баъзе рӯзона аз 14+19 то 23+28 дараҷа гарм мешавад.
Дар Душанбе ҳавои тағйирёбанда дар назар дошта шудааст. Шамол аз самти шарқ бо суръати 5-10 метр дар як сония мевазад. Ҳаво шабона 10+12 дараҷа ва рӯзона 25+30 дараҷа гарм мешавад.








Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид
Дар доираи Форуми соҳибкории «Тоҷикистон ба пеш!» 23 Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои бебориш дар назар аст
Дар қаламрави Тоҷикистон заминларза ба амал омад
Муколамаи чоруми минтақавӣ оид ба иқтисоди даврӣ дар Осиёи Марказӣ баргузор гардид
Дар шаҳри Душанбе ҷашни Меҳргон таҷлил мегардад






