Имрӯз дар Туркия интихоботи президентӣ ва парлумонӣ баргузор мешавад

Май 14, 2023 09:01

ДУШАНБЕ, 14.05.2023 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз, 14 май дар Туркия интихоботи президентӣ ва парлумонӣ баргузор мешавад. Дар сурати зарурат даври дуюми интихоботи президентӣ 28 май гузаронида мешавад. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба расонаҳои хориҷӣ хабар медиҳад.

Ба мақоми президенти Туркия се номзад:  Реҷеп Тайип Эрдуғон- президенти феълӣ, Камол Қиличдароғлу- роҳбари мухолифин  ва Синон Оган-  номзад барои тасмим нагирифтаҳо муддаӣ мебошанд.

Раъйдиҳӣ барои шаҳрвандони Туркия, ки дар хориҷа зиндагӣ мекунанд, аллакай ба охир расид, ки дар он беш аз 1,8 миллион нафар иштирок кард.

Дар Туркия қариб 62 миллион интихобкунанда сабти ном шудааст, ки 5 миллион нафар бори аввал овоз медиҳад.

АКС аз манбаъҳои боз

Май 14, 2023 09:01

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар ноҳияҳои доманакӯҳи Тоҷикистон бориши борон пешгӯӣ мешавад
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борону барф пешгӯӣ мешавад
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Имрӯз дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон борон меборад
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 23 дараҷа гарм мешавад