«ИСТЕЪДОДҲОИ НАВРАС». Дар Душанбе Фестивали III байналмилалии эҷодиёти бадеии кӯдакон ва наврасон доир мешавад
ДУШАНБЕ, 12.05.2023. /АМИТ «Ховар»/. Бо қарори Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ аз 26 то 30 июн дар пойтахт таҳти унвони «Истеъдодҳои наврас» Фестивали III байналмилалии эҷодиёти бадеии кӯдакон ва наврасон баргузор карда мешавад. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар шуъбаи иттилоотии дастгоҳи Раиси шаҳри Душанб хабар доданд.
Тавре дар суҳбат бо мухбири АМИТ «Ховар» директори Муассисаи давлатии «Маркази кӯдакон ва наврасони шаҳри Душанбе» Комилҷон Холов иброз дошт, фестивали мазкур бо мақсади фароҳам овардани шароити мусоид баҳри таҳким бахшидани муносибатҳои дӯстона байни кӯдакон ва наврасони соҳибистеъдод, тарғиби арзишҳои инсонпарварона, сулҳу ваҳдат, омӯзиш ва арҷгузорӣ ба урфу одат ва фарҳангу тамаддуни ҳамдигарӣ, табодули иттилоъ ва таҷриба байни муассисаҳои таҳсилоти иловагӣ, марказҳои эҷодии кӯдакону наврасон, театр ва ансамблҳои кӯдакона ва дар ин замина мусоидат намудан дар муаррифӣ ва рушди эҷодиёти мусиқиву бадеии насли наврас доир карда мешавад.
Ба иттилои манбаъ, фестивал соли сеюм аст, ки таҳти сарпарастии Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ дар пойтахти Ҷумҳурии Тоҷикистон тавассути Сарраёсати маорифи шаҳри Душанбе доир мегардад.
«Дар назар аст, ки дар доираи Фестивали III байналмилалии эҷодиёти бадеии кӯдакон ва наврасон таҳти унвони «Истеъдодҳои наврас» Озмуни дуюми байналмилалии эҷодиёти мусиқии кӯдакон ва Намоиши дуюми байналмилалии мусаввирони наврас баргузор карда шуда, инчунин барномаҳои рангини фарҳангиву фароғатӣ ташкил ва гузаронида шаванд», -гуфт директори Маркази кӯдакон ва наврасони шаҳри Душанбе.
Иброз гардид, ки барои иштирок дар фестивал ҳайатҳо аз давлатҳои хориҷа ва аз минтақаҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҳисоби кӯдакону наврасони 12 – 16 сола – хонандагони эҷодкори муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ, узви ансамблҳои бачагона, марказҳои таҳсилоти иловагӣ ва мактабҳои санъату мусиқӣ, ки дорои ҳунару истеъдоди навозандагӣ, рақс, сарояндагӣ ва рассомӣ мебошанд, ҷалб карда мешаванд.
АКС: АМИТ «Ховар»








Соли 2025 зиёда аз 1 миллион сайёҳон ба шаҳри Душанбе ворид гардидаанд
Дар Душанбе омодагӣ ба Фестивали байналмилалии сайёҳии «Наврӯз – мероси фарҳангию ҷаҳонгардӣ – 2026» баррасӣ гардид
Рустами Эмомалӣ даъват намуданд, ки қоидаҳои ҳаракат дар роҳҳои мошингард риоя карда шаванд
Душанбе пойтахти фарҳангии Осиё дар соли 2026 эълон гардид
ТАНЗИМ-БАРАКАТИ ЗИНДАГӢ. Дар ноҳияи Синои пойтахт 34 ҳолати вайронкунии қонун ошкор карда шуд
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Дар нуҳ соли охир дар Душанбе беш аз 1287 иншоот сохта, ба истифода дода шуд
Дар ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе 190 ҳолати қонуншиканӣ дар соҳаи шаҳрсозӣ ва замин ошкор гардид
«ДУШАНБЕ — ШАҲРИ САБЗ». Дар ноҳияи Синои пойтахт зиёда аз 175 ҳазор бех дарахтон шинонида шуданд
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ дар ноҳияи Исмоили Сомонӣ ба зиёда аз 1 миллиард сомонӣ расид
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Нақшаи чорабиниҳои 35-солагии Истиқлоли давлатӣ дар ноҳияи Фирдавсӣ 77 фоиз иҷро шуд
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Дар самти бунёди муассисаҳои томактабӣ дар ноҳияи Шоҳмансур чӣ тадбирҳо андешида мешаванд?
Ҷадвали «Тақвими чорабиниҳои Иди байналмилалии Наврӯз дар шаҳри Душанбе барои соли 2026» ба тасвиб расид






