Микробҳое пайдо шудаанд, ки пластикро дар ҳарорати паст вайрон мекунанд
ДУШАНБЕ, 14.05.2023 /АМИТ «Ховар»/. Дар Алп ва Заполярйе микробҳое ёфт шудаанд, ки метавонанд пластикро дар ҳарорати паст нобуд созанд. Ин метавонад роҳи ҳалли мушкилоти азими истифодаи партовҳои пластикие гардад, ки дар партовгоҳҳо ҷамъ шуда, уқёнусҳои ҷаҳонро бастаанд. Тавре АМИТ «Ховар» иттилоъ медиҳад, дар ин хусус АБИ «Казинформ» бо истинод ба ВВС хабар додааст.
Дар бораи бактерияҳое, ки метавонанд пластикро дар ҳарорати аз 30 дараҷаи Селтсий баландтар вайрон кунанд, қаблан маълум гардида буд. Аммо барои истифодаи онҳо дар саноат неруи зиёд зарур аст ва ин хеле гарон буда, боиси партофти газҳои гулхонаӣ ба атмосфера мегардад.
Ҳоло олимони Донишкадаи федералии Швейтсария WSL микроорганизмҳоеро муайян кардаанд, ки пластикро дар ҳарорати 15 дараҷаи Селсия таҷзия карда метавонанд, ки ин роҳи инқилобӣ барои коркарди дубора мебошад.
Биолог Ҷоэл Рюти ва ҳамкасбони ӯ пораҳои пластикеро мушоҳида карданд, ки дар тӯли як сол дар сатҳи замин ё дар замини қаламрави Гренландия, архипелаги Шпитсберген ва Алпҳои Швейтсария меистоданд.
Олимон пас аз мушоҳидаи яксола аз ин пластик 34 навъи гуногуни микроб: 19 бактерия ва 15 занбурӯғро чамъ карданд.
Азиза ИКРОМ,
АМИТ «Ховар»
АКС: АБИ «Казинформ»








Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 23 дараҷа гарм мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард






