РӮЗИ ҶАВОНОНИ ТОҶИКИСТОН. Ба ин муносибат Мактаби сайёри ҷавондухтарони роҳбар оғоз ёфт

Май 22, 2023 10:41

ДУШАНБЕ, 22.05.2023 /АМИТ «Ховар»/. Дар доираи моҳвораи ҷавонон ва бахшида ба Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон (23 май) бо ибтикори Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Мактаби сайёри ҷавондухтарони роҳбар» ташкил карда шуд. Шунавандагони мактаб тариқи озмун аз ҳисоби ҷавондухтарони фаъоли вазорату идораҳо ва  муассисаву ташкилот интихоб шудаанд. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» муовини раиси ташкилоти ҷамъиятии «Пайравони Пешвои миллат» Зарнигор Раҷабзода хабар дод.

Мактаби мазкур ҷиҳати зина ба зина аз сатҳи поёнӣ тарбия, интихоб ва ҷо ба ҷо гузоштани кадрҳои роҳбарикунанда аз ҳисоби шахсони лаёқатманду бомаърифат, аз ҷумла занону духтарон ба роҳ монда шуд.

Мактаби сайёр ба татбиқ намудани сиёсати иҷтимоии мамлакат, ҷалби занону духтарон ба чорабиниҳои давлатию ҷамъиятӣ, ба ҳаёти мустақилона омода намудану дар руҳияи ватандӯстиву меҳанпарастӣ тарбия намудани фарзандон, дар шуури онҳо бедор кардани фарҳанги оиладорӣ, риояи талаботи қонунҳои миллии амалкунандаи ҷумҳурӣ, тарғиби фарҳанги миллӣ, одобу ахлоқи ҳамида ва ташаккули малакаву маҳорати роҳбарӣ дар онҳо мусоидат менамояд.

Дар раванди баргузории омӯзиши сиёсӣ ҷавондухтарон имконият пайдо менамоянд, ки бо фаъолияту таҷриба ва усулҳои кори занони роҳбар аз наздик шинос шуда, атрофи мавзуъҳои муайяншудаи соҳа ва самти фаъолияташон сабақ гиранд.

АКС: Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

Май 22, 2023 10:41

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Тоҷикистон рақамикунонии низоми нафақа тақвият меёбад
Дар Кӯлоб бахшида ба Рӯзи Президент конференсияи илмӣ-амалӣ баргузор шуд
Муовини Сарвазири Тоҷикистон ба ифтихори Рӯзи Президент дар Академияи идоракунии давлатӣ ҳафтаи ҷашниро ифтитоҳ намуд
ПРЕЗИДЕНТ — РАМЗИ ВАҲДАТ, СУБОТ ВА ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар ноҳияи Фирдавсӣ ҳамоиши сиёсиву фарҳангӣ баргузор шуд
Исломиддин Раҳмон: «Иҷлосияи тақдирсоз ва Рӯзи Президент саҳифаи тиллоӣ дар таърихи давлатдории тоҷикон мебошанд»
Cозишнома оид ба ҳамкории вазоратҳои адлияи давлатҳои иштирокдори ИДМ ба имзо расид
Таҳкими ҳамкории илмӣ-таҳқиқотӣ байни Тоҷикистон ва Швейтсария баррасӣ шуд
Иммунизатсия яке аз усулҳои муҳими ҳифзи саломатии кӯдакон мебошад
Дар Рашт бинои нави шуъбаи Хадамоти давлатии оташнишонӣ ба истифода дода шуд
Дар фурудгоҳҳои байналмилалии Тоҷикистон бо шаҳрвандон корҳои иттилоотию фаҳмондадиҳӣ гузаронида шуданд
Ҳамкории Тоҷикистон ва Қазоқистон дар соҳаи тандурустӣ густариш меёбад
ОГОҲӢ. То 13 ноябр дар Тоҷикистон ҳавои номусоид пешгӯӣ мешавад