Роҳбари СУТ ба итмом расидани ҳолати фавқулодаро оид ба бемории сурхакони маймун эълон кард
ДУШАНБЕ, 14.05.2023 /АМИТ «Ховар»/. Директори генералии Созмони умумиҷаҳонии тандурустӣ (СУТ) Тедрос Аданом Гебрейесус ба итмом расидани ҳолати фавқулодаро дар ҷаҳон оид ба бемории mpox («эмпокс», номи нави бемории сурхакони маймун) эълон кард. Рӯзи панҷшанбе дар нишасти матбуотӣ дар Женева суханронӣ намуда, ӯ ин тасмимро ба коҳиши назарраси шумораи бемориҳо дар муқоиса бо моҳи июли соли 2022, ҳангоме, ки ҳолати фавқулода дар соҳаи тандурустии ҷаҳонӣ ҷорӣ карда шуд, рабт дод. Тавре АМИТ «Ховар» иттилоъ медиҳад, дар ин хусус АБИ «Казинформ» бо истинод ба ТАСС хабар додаст.
Ӯ таъкид кард, ки дар се моҳи охир дар бораи тақрибан 90% камтар шудани гирифторони бемории mpox нисбат ба се моҳи қаблӣ маълумот расидааст.
Дар маҷмуъ ба СУТ аз 111 кишвари ҷаҳон маълумот оид ба беш аз 87 000 ҳодисаи сирояти mpox ва 140 фавт расидааст.
Роҳбари СУТ таъкид кард, ки эълони ба итмом расидани ҳолати фавқулодаи mpox ба монанди COVID-19 ба ҳеҷ ваҷҳ маънои онро надорад, ки «кор ба анҷом расидааст». «Бемории mpox вуҷуд доштани хатари назаррасро барои тандурустии ҷамъиятӣ идома медиҳад, ки он вокуниши қавӣ, фаъол ва устуворро талаб менамояд»,- баён намуд ӯ.
Азиза ИКРОМ,
АМИТ «Ховар»
АКС аз манбаъҳои боз








Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 36 дараҷа гарм мешавад
3 ОКТЯБР–РӮЗИ ТАЪСИСИ «ТЕЛЕВИЗИОНИ ТОҶИКИСТОН». Ин шабака дастовардҳои миллатро дар арсаи байналмилалӣ муаррифӣ менамояд
Эъломияи Душанбе оид ба инноватсия ва технологияҳои рақамӣ қабул гардид
«ТОҶИКИСТОНИ РАҚАМӢ». Душанбе зимни баргузории Форуми байналмилалии TAJ-TECH 2026 ба майдони бузурги муаррифии дастовардҳои IT табдил ёфт
Дар Тоҷикистон сохтмони хонаҳои истиқоматӣ вусъат ёфтааст
Муассисаҳои буҷетии ноҳияи Тоҷикобод бо ангишти кони Камароб пурра таъмин карда шуданд






