Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон Комиссари олии Созмони Амният ва ҳамкорӣ дар Аврупо оид ба корҳо бо ақаллиятҳои миллӣ Кайрат Абдураҳмоновро ба ҳузур пазируфтанд

Май 15, 2023 11:53

ДУШАНБЕ, 15.05.2023. /АМИТ «Ховар»/. 15 май дар Қасри миллат Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Комиссари олии Созмони Амният ва ҳамкорӣ дар Аврупо оид ба корҳо бо ақаллиятҳои миллӣ Кайрат Абдураҳмоновро ба ҳузур пазируфтанд.

Дар рафти мулоқот маҷмуи масоили ҳамкории Тоҷикистону Созмони амният ва ҳамкорӣ дар Аврупо ва ниҳоди он оид ба корҳо бо аққалиятҳои миллӣ баррасӣ гардид.

Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иброз доштанд, ки ҳамкории Тоҷикистон бо Созмон ошкоро ва созанда ҷараён дошта, мо кори Комиссари олиро дар таҳкими эътимоди мутақобила, иттиҳоди иҷтимоӣ ва дарки ҳуқуқи инсон қадр мекунем.

Таъкид гардид, ки сиёсати мо ба таҳкими ҳамаҷонибаи суботи дохилӣ, инчунин таҳаммулпазирии байни миллатҳо ва динҳо нигаронида шудааст. Ҳукумати Тоҷикистон барои таъмини ҳуқуқу озодиҳои ҳамаи шаҳрвандонаш, сарфи назар аз миллат, нажод, дин ва забон чораҳои мушаххас меандешад.

Зимни вохӯрӣ ба масъалаи робитаҳои дуҷониба дар самтҳои таҳкими ҳамкории байналмилалӣ дар соҳаи ҳуқуқи инсон, бахусус дар доираи созмонҳои байналмилалӣ ва ниҳодҳои ҳуқуқи башар, аз ҷумла оид ба масъалаҳои ақаллиятҳои миллӣ, рушди маориф, фарҳанг ва забонҳо таваҷҷуҳ зоҳир гардид.

Дар рафти мулоқот ҳамчунин оид ба дигар масъалаҳои мавриди таваҷҷуҳ гуфтугӯ анҷом дода шуд.

Май 15, 2023 11:53

Хабарҳои дигари ин бахш

Сарони давлатҳо Эмомалӣ Раҳмон ва Шавкат Мирзиёев дар барномаи фарҳангии «Шоми дӯстӣ»-и ходимони санъати Тоҷикистон ва Узбекистон иштирок намуданд
Ифтитоҳи Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Тошканди Ҷумҳурии Узбекистон
Изҳороти матбуотии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон аз рӯи натиҷаҳои музокироти сатҳи олии Тоҷикистон ва Узбекистон
Имзои санадҳои нави ҳамкорӣ миёни Тоҷикистон ва Узбекистон
Маросими маҷозии ифтитоҳи як қатор иншоот ва оғози татбиқи лоиҳаҳо дар ҳудуди Тоҷикистон ва Узбекистон
Идомаи мулоқоту музокироти сатҳи олии Тоҷикистону Узбекистон
Оғози мулоқоту музокироти сатҳи олии Тоҷикистону Узбекистон
Маросими истиқболи расмии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар Ҷумҳурии Узбекистон оғоз гардид
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар назди Муҷассамаи «Истиқлолият ва башардӯстӣ»-и Ҷумҳурии Узбекистон гулчанбар гузоштанд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо сафари давлатӣ вориди шаҳри Тошканди Ҷумҳурии Узбекистон шуданд
Сафари давлатии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Ҷумҳурии Узбекистон
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар «Наврӯзгоҳ»-и пойтахт дар тантанаҳои идонаи Наврӯзи байналмилалӣ — 2026 иштирок намуданд