ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 1 май, душанбе, 121-умин рӯзи соли 2023 аст

Май 1, 2023 08:00

1 майи соли 2008  Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ -Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ  Раҳмон  ба ноҳияи Ёвони вилояти Хатлон сафари корӣ анҷом дода,  бо рафти корҳои барқарорсозии Маркази истеҳсоли барқу гармии ноҳия ва шабакаи таъминоти буғу оби гарм ба Ҷамъияти саҳҳомии «Тоҷикхимпром» ва маркази ноҳия шинос гардида, аз як қатор иншооти дигари иҷтимоӣ, саноатӣ ва хоҷагиҳои кишоварзӣ боздид намуданд.

***

1 майи соли 2020 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои дар муддати се моҳ ҷиҳати пардохти иловапулӣ дар ҳаҷми як маоши вазифавӣ ҳармоҳа ба музди меҳнати амалкунандаи кормандони соҳаи тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, ки бевосита дар раванди ташхис ва табобати сирояти COVID-19 дар муассисаҳои табобатӣ ва таҳти карантин қарордодашуда иштирок менамоянд, аз ҳисоби Фонди захиравии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон 12,4 миллион сомонӣ (дувоздаҳ миллиону чорсад ҳазор сомонӣ) маблағ ҷудо намуданд.

***

Дар ин рўзи соли 2021 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Ҷумҳурии Қазоқистон Қосим-Жомарт Токаев суҳбати телефонӣ анҷом доданд.

1 МАЙ ТАҶЛИЛ КАРДА МЕШАВАД:

Рўзи байналмилалии якдилии меҳнаткашон

***

Рӯзи умумиҷаҳонии мубориза бар зидди бемории диққи нафас.

***

Ҷашни ваҳдати халқи Қазоқистон

РӮЙДОДҲО:

1 майи соли 1993  300 нафар аввалин гурезагон аз Афғонистон ба Тоҷикистон баргардонида шуданд.

***

1 майи соли 2014 вазъ ва дурнамои  ҳамкории  тиҷоратию иқтисодии Тоҷикистон ва Беларус муҳокима карда шуд.

***

1 майи соли 2018 дар доираи бозиҳои даври 5-уми Ҷоми КФО-2018 дар гурӯҳи «D» дастаи футболи «Истиқлол»-и Тоҷикистон дар сафар бо дастаи футболи «Аҳал»-и Туркманистон дидори ҷавобӣ анҷом дод.

ДАР ИН РӮЗ ТАВАЛЛУД ШУДААНД:

 Меҳрубон Назаров — соли 1922 — номзади илмҳои таърих,  профессор, ходими давлатӣ, коргардон, драманавис, Ҳунарпешаи хизматнишондодаи Тоҷикистон ва Ходими хизматнишондодаи санъати Тоҷикистон

***

Ашӯр Сафар — соли 1928  — шоири тоҷик, Шоири халқии Тоҷикистон,  узви Иттифоқи журналистони Тоҷикистон, узви Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон.

***

Марям Исоева-соли 1937 — ҳунарпешаи театр ва кинои тоҷик. Ҳунарпешаи халқии Тоҷикистон.

***

Гурминҷ Завқибеков -соли 1929-ҳунарпешаи театр ва кинои тоҷик, узви Иттифоқи кинематографистони Тоҷикистон. Ҳунарпешаи халқии Тоҷикистон, дорандаи Ҷоизаи давлатии ба номи А. Рӯдакӣ

Май 1, 2023 08:00

Хабарҳои дигари ин бахш