ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 5 май, ҷумъа, 125-умин рӯзи соли 2023

Май 5, 2023 08:00

5 майи соли 2009 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Директори генералии собиқи ЮНЕСКО Коичиро Матсуураро ба ҳузур пазируфтанд. Коичиро Матсуура ба Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон ба нишони қадрдонӣ аз саҳми намоёну фаъолияти пурмаҳсул дар густариш додани ҳамкорӣ байни Тоҷикистон ва ЮНЕСКО медали тиллоии ЮНЕСКО – ро, ки барои арҷгузорӣ ба Мавлоно Ҷалолиддини Балхӣ таъсис ёфтааст, тақдим намуд. Эмомалӣ Раҳмон ва Коичиро Матсуура ҳамчунин аз ҳамкории Тоҷикистону ЮНЕСКО дар чаҳорчӯби барномаҳои «Иштироки ЮНЕСКО», «Маориф барои ҳама» ва «Маориф барои калонсолон» изҳори қаноатмандӣ карданд.

***

Ҳамин рӯз, 5 майи соли 2014  Президенти вақти Туркманистон Гурбонгулӣ Бердимуҳамедов бо сафари расмӣ вориди Тоҷикистон шуд. Масоили рушди муносибот ва ҳамкории Тоҷикистону Туркманистон зимни музокироти расмии сатҳи олӣ бо иштироки ҳайатҳои васеи ду ҷониб баррасӣ гардид. Пас аз анҷоми мулоқоту музокироти расмӣ 9 санади нави ҳамкорӣ байни Тоҷикистону Туркманистон ба имзо расид.

***

5 майи соли 1947 Осорхонаи санъати тасвирии ҶШС Тоҷикистон ифтитоҳ гардид.

***

5 май Рўзи байналмилалии мубориза барои ҳуқуқи маъюбон ҷашн гирифта мешавад. Маҳз дар ҳамин рӯзи соли 1992 маъюбон аз 17 давлати Аврупо дар як вақт нахустин рӯзи мубориза барои ҳуқуқи маъюбонро қайд ва баробари дигар аъзои ҷомеа ҳуқуқ доштани худро таъкид карданд.

***

5 май Рӯзи байналмилалии доя  (акушер) ҷашн гирифта мешавад. Соли 1987 дар Нидерланд Конференсияи байналмилалии конфедератсияи дояҳо баргузор ва дар ҳамин конференсия ҳисобидани 5 май ҳамчун Рӯзи байналмилалии доя пешниҳод шуда буд. Шуруъ аз соли 1992 ҳамасола дар зиёда аз 50 мамлакат Рӯзи байналмилалии доя гузаронида мешавад.

***

Ҳамчунин 5 май дар Австрия Рӯзи мубориза ба муқобили зӯроварӣ ва нажодпарастӣ, дар Беларус Рӯзи матбуот, дар Ҷопон ва Кореяи Ҷанубӣ Рӯзи кӯдак маҳсуб мешавад.

***

5 майи соли 1836 дар Белгия нахустин роҳи оҳан дар Аврупо ба истифода дода шуд. Ин роҳи оҳан шаҳрҳои Мехелен ва Брюссели Белгияро ба ҳам мепайвад.

Май 5, 2023 08:00

Хабарҳои дигари ин бахш

ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 23 декабр, душанбе, 358-умин рӯзи соли 2024 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 22 декабр, якшанбе, 357-умин рӯзи соли 2024 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 21 декабр, шанбе, 356-умин рӯзи соли 2024 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 20 декабр, ҷумъа, 355-умин рӯзи соли 2024 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 19 декабр, панҷшанбе, 354-умин рӯзи соли 2024 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 18 декабр, чоршанбе, 353-юмин рӯзи соли 2024 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 17 декабр, сешанбе, 352-юмин рӯзи соли 2024 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 16 декабр, душанбе, 351-умин рӯзи соли 2024 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 15 декабр, якшанбе, 350-умин рӯзи соли 2024 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 14 декабр, шанбе, 349-умин рӯзи соли 2024 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 13 декабр, ҷумъа, 348-умин рӯзи соли 2024 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 11 декабр, чоршанбе, 346-умин рӯзи соли 2024 аст