ТАВАҶҶУҲ! Аз 15 май то 15 июн ҳаракати воситаҳои нақлиёт аз кӯчаи Шамсӣ то маркази савдои «Саодат» муваққатан қатъ карда мешавад

Май 15, 2023 16:52

 ДУШАНБЕ, 15.05.2023. /АМИТ «Ховар»/. Аз соати 23:00-и имшаб то 15 июн ҳаракати ҳама гуна воситаҳои нақлиёт аз кӯчаи Шамсӣ то маркази савдои «Саодат»-и пойтахт  муваққатан қатъ карда мешавад. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар шуъбаи иттилоотии дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе хабар доданд.

Ба иттилои манбаъ, қатъи роҳи мазкур бинобар сабаби гузаронидани корҳои сохтмону навсозии роҳи автомобилгарди хиёбони Б.Ғафуров  (аз кӯчаи Шамсӣ то маркази савдои «Саодат») сурат мегирад.

Аз ин лиҳоз Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе аз ронандагони воситаҳои нақлиёт хоҳиш менамояд, ки талаботи аломатҳои роҳро риоя намуда, аз роҳҳои ҳамшафати хиёбони Б. Ғафуров истифода баранд.

АКС: АМИТ «Ховар»

Май 15, 2023 16:52

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе 48 маркази касбомӯзӣ фаъолият менамояд
Имрӯз дар боғҳои фарҳангӣ-фароғатии Душанбе барномаҳои рангини фарҳангӣ баргузор мешаванд
Субҳи имрӯз «Корвони наврӯзӣ» ба сокинону меҳмонони пойтахт навиди фарорасии баҳорро расонид
Мусобиқаи байналмилалии гӯштингирӣ барои дарёфти «Ҷоми Раиси шаҳри Душанбе» баргузор мегардад
Наврӯз ҳамчун бренди миллӣ ва абзори «дипломатияи фарҳангӣ»: натиҷаҳо ва дурнамои Форуми V байналмилалии «Наврӯзи Душанбе – меҳвари робитаҳои фарҳангию сайёҳӣ»
МУЖДАИ ФАРОРАСИИ БАҲОР. Онро корвони наврӯзӣ тавассути чор дарвозаи пойтахт ба сокинон мерасонад
Имрӯз иҷлосияи панҷуми Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе, даъвати ҳафтум доир шуд
Форуми V байналмилалии «Наврӯзи Душанбе – меҳвари робитаҳои фарҳангию сайёҳӣ» баргузор гардид
Тантанаҳои наврӯзӣ дар боғҳои фарҳангӣ-фароғатии шаҳри Душанбе то 28 март идома меёбанд
Дар Тоҷикистон барномаҳои фарҳангии Ҷашни байналмилалии Наврӯз доир мегарданд
Имрӯз Иҷлосияи панҷуми Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе, даъвати ҳафтум баргузор мегардад
Пагоҳ Форуми V байналмилалии «Наврӯзи Душанбе – меҳвари робитаҳои фарҳангию сайёҳӣ» баргузор мешавад