Тоҷикистон ва Русия дурнамои рушди ҳамкориро дар соҳаи сайёҳӣ баррасӣ намуданд
ДУШАНБЕ, 06.05.2023 /АМИТ «Ховар»/. Масоили кунунӣ ва дурнамои рушди ҳамкории Тоҷикистон ва Русия дар соҳаи сайёҳӣ зимни мулоқоти Раиси Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Камолиддин Муминзод бо муовини раиси кумитаи Думаи давлатӣ оид ба сайёҳӣ ва рушди инфрасохтори сайёҳии Федератсияи Русия Наталя Костенко баррасӣ гардид. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар медиҳад.
Зимни мулоқот атрофи масъалаҳои густариши муносибатҳои дуҷониба дар соҳаи сайёҳӣ, омӯзиши таҷрибаи Русия ва ҷалби сармоягузорӣ дар ин самт табодули афкор анҷом дода шуд.
Қобили тазаккур аст, ки муовини раиси кумитаи Думаи давлатӣ ҷиҳати иштирок дар Намоишгоҳи байналмилалии универсалии «Тоҷикистон-2023» ба Тоҷикистон омада, аз чанд мавзеи сайёҳӣ боздид намуд.
Ӯ таассуроти хешро аз дидаҳояш рангин иброз дошта, рушди инфрасохтори муосир ва пешниҳоди хизматрасонии сайёҳиро қонеъкунанда арзёбӣ намуд.
АКС: Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон








Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борону барф пешгӯӣ мешавад
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!






