Зубайдулло Давлатов: «Таассуб дар ҳар тафаккур ва андеша метавонад хушунатзо бошад»

Май 14, 2023 11:35

ДУШАНБЕ, 14.05.2023 /АМИТ «Ховар»/. Масъалаи танзими фазои иттилоотӣ имрӯз ба яке аз мавзӯъҳои ҳассоси ҷомеа мубаддал гашта, ба шаклгирии афкори умум таъсиргузор шудааст. Бинобар ин, бохабарӣ аз  вазъияти иттилоотии мамлакат амали зарурӣ дониста мешавад. Нодида гирифтани ин раванд, зоҳир кардани бетаваҷҷуҳӣ ба роҳу усулҳои шаклгирии он метавонад дар оянда ба суботу амнияти ҷомеа ва устувории вазъияти сиёсии мамлакат таъсири манфӣ дошта бошад.

Ин гуфтаҳои Зубайдулло Давлатов, сардори Раёсати таъминоти иттилоотии Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар суҳбат бо мухбири АМИТ «Ховар» Шаҳлои Садриддин аст, ки матни пурраи он дар зимн пешакаши хонандагон гардонида мешавад. 

— Таҳлили равандҳои фарҳангию сиёсии дохилӣ ва ҳодисаҳои сиёсии баъзе давлатҳои ҷаҳон  дар солҳои охир нишон медиҳад, ки дар як қатор ин гуна давлатҳо ҳатто устувории ҳокимияти сиёсӣ низ ба чигунагии муносибати давлат ба фазои иттилоотӣ  то андозае вобастагӣ пайдо кардааст.

Аҳамият ва ҳассосияти омӯзиши масъалаи фазои иттилоотии давлатро ба назар гирифта, имрӯз дигар кишварҳо, ташкилотҳои хориҷӣ ба омӯзиши ин масъала, хусусан масъалаи мазмун ва мундариҷаи маводи дар шабакаҳои иҷтимоӣ ва интернет нашршаванда, муайян намудани самти андешаҳои гурӯҳҳои гуногуни давлатҳои алоҳида машғул мебошанд. Давлатҳои хориҷӣ ва созмонҳои байналхалқӣ низ барои амалӣ намудани лоиҳаҳо ва чорабиниҳо дар соҳаи «рушди технологияҳои иттилоотӣ» маблағҳои зиёдеро дар ихтиёри ин ташкилотҳо мегузоранд. Онҳо бо иҷро намудани лоиҳаҳои гуногуни ба ном «илмӣ» ва «тадқиқотӣ» дар ҳамкорӣ бо баъзе ташкилотҳои давлатӣ ва ғайридавлатии дохилӣ, муносибати қишрҳои гуногуни ҷомеа ва мардуми одӣ ба шабакаҳои иҷтимоиро омӯхта, фикри онҳоро дар бораи сиёсати давлатӣ дар ин масъала ҷамъ меоранд.

Зиёд шудани саҳифа, сомона ва контентҳои ташкилотҳои экстремистию таррористӣ дар шабакаҳои интернетӣ аз назари амнияти миллии мамлакат ташвишовар аст.

Мавриди диққати ҷиддӣ ва ҳатто ташвиш он аст, ки дар семинарҳо ва назарпурсиҳои онлайнӣ, ки ин ташкилотҳои ифротию террористӣ дар шабакаҳои иҷтимоӣ мегузаронанд, илова бар омӯхтани фикри ҷавонон боз ба онҳо  андешаҳои махсусро талқин мекунанд. Дар аксари маврид ба зеҳни онҳо руҳияи норозигӣ ва эътироз гузошта, навъе ба таври ноаён шӯронидани онҳоро бар зидди вазъияти мавҷуда ва бар зидди сиёсати давлатӣ ба роҳ мемонанд.

Ҳарчанд номи расмии ин чорабиниҳо метавонад семинару назарсанҷиҳо дар мавзуи муайян бошад, вале дар асл ташкилотҳои экстремистию таррористӣ ба ин восита маълумоти бисёр фаровон ва бевоситаро дар бораи руҳияи мардум, вазъияти зиндагӣ ва андешаҳои сокинони минтақаҳои гуногун ба даст меоранд.

Таҷрибаи ҷаҳонӣ нишон медиҳад, ки бисёре аз ин ташкилотҳо зери пӯшиши «тадқиқоти илмӣ» корҳои бисёр нозуки ҷамъоварии маълумоти барои худ заруриро анҷом медиҳанд.

Қобили қайд аст, ки ҳеҷ як кишвари минтақа набояд дар баробари воқеаҳои дар ҷаҳон рухдиҳанда бетарафӣ зоҳир намояд ва ҳамватанони мо низ набояд бар ин андеша бошанд, ки бенизомию бетартибиҳои дар олам рухдода марзи мову мағзи моро рахна намекунанд. Агар чунин андешем, содагие беш нест, зеро ин бетартибиҳо таъсири калони мафкуравӣ доранд. Ячейкаҳои хуфтаи ифротию террористии дар минтақа амалкунанда нусхаи тафаккури ифротгароёни даст ба эътирозу вайронкориҳо задаро дар тафаккури худ нусхабардорӣ намуда, ба он пайравӣ мекунанд ва дигаронро ташвиқ месозанд. Ғафлату бетафовутӣ дар кишварҳои араб ба чӣ фоҷиаҳо овард, барои ниҳодҳои дахлдори давлатӣ ва ҳар шаҳрванди Тоҷикистон бояд дарс бошад, дарсе, ки аз он хулосаи дурусти мантиқӣ бояд баровард.

Ҳоло дар саҳифаҳои сомонаю шабакаҳои иҷтимоии интернетӣ ифротиёни зиёде ҳузур пайдо намудаанд ва алайҳи манофеи давлату миллати тоҷик баромад мекунанд, ки ҳадафмандона идора мешавад.  Аз ин рӯ, бояд аз ҳоло даст ба кор шуд ва бар зидди ин гуна иғвоангезиҳои беасосу бемаврид дар шабакаи ҷаҳонии интернет мубориза бурд . Дар фазои интернетии Тоҷикистон барнома, гуфтору наворҳои хашину тахрибию ифротӣ кам нестанд, балки рӯ ба зиёдшавӣ доранд. Қишрҳои осебпазири ҷомеа чун ба саҳифаҳои интернет ворид мешаванд, маводро мутолиа мекунанду ноогоҳона ба иғво дода мешаванд.

Аз ин рӯ, набояд дар чунин вазъият бетафовутӣ зоҳир кард.  Балки вақти он аст, ки аҳли қалам, зиёиён, намояндагони қишрҳои гуногуни ҷомеаи шаҳрвандӣ, собиқадорони кордидаву таҷрибаи ҳаётандӯхта дар сомонаҳои интернетӣ маводу навору таҳлилу андешаҳои арзишманди ватанпарваронаи худро ҷой диҳанд, яъне дар фазои маҷозӣ «контенти мусбат» офаранд. Фазои маҷозии Ҷумҳурии Тоҷикистонро ба фазои тарғиби сулҳу салоҳ, суботу ваҳдат, дӯстии халқҳою миллатҳо бояд табдил дод. Дар шабакаҳои иҷтимоӣ таҳлилҳо, мақолаҳо, мавқеъгириҳо, вокунишҳо, маводи ташвиқотию арзишсоз, савтию тасвирии ватандӯстонаро бояд ба таври васеъ ҷой дод. Зарур аст, ки ба хотири таъмини пешрафти зиндагӣ, ҳифзи сулҳу суботи комил дар фазои маҷозӣ сангардор ва муҳофизи Ватани азизамон бошем. Дар ин арсаи корзор истодагарӣ намудан, муваффақ шудан, далерию нотарсӣ нишон додан аз қаҳрамониҳои майдони набардҳои воқеӣ камӣ надорад. Ин андеша ҳосили мушоҳидаҳо аз набардҳои интернетӣ, киберӣ ва иттилоотии солҳои охир дар кишварҳои Шарқи Наздик ва Миёна ба шумор меравад. 

Вазъи минтақа зери таъсири таҳаввулоти ҷаҳонишавӣ, таъсири бевоситаи вазъи печидаву вахими имрӯзи ҷаҳон тезутунд ва нигаронкунанда шакл гирифтааст. Ин вазъияти печида обистани хатарҳо аст. Хатар ба давлату миллат хатар ба ҳар шаҳрванд, ба ҳар яки мо аст. Аз ин рӯ, замоне фаро расидааст, ки таҳдидҳои сиёсию геополитикӣ, идеологию амниятӣ, арзишию тамаддунӣ дарк ва омӯхта шаванд, тасвиру тафсир гарданд ва дар ин замина тадбирҳои фавриро бояд ба роҳ монд. Фаромӯш набояд кард, ки масъулияти пойдории давлати миллӣ, истиқлолу суботу оромии он вазифаи ҷониву имонии ҳар фарди солимфикри Тоҷикистон аст.

Ба вуқӯъ омадани тақсимоти нави ҷаҳон байни абарқудратҳо ва қудратталабон ба ҳаёти башарият тағйироти куллӣ ба миён овард. Ҷаҳонишавӣ дар худ имконияти бузурги пешрафт ва дар айни  замон таҳдидҳои ҷиддиро ба ҳаёти башарият омезиш додааст. Таъсири манфӣ ва таҳдиди раванди ҷаҳонишавӣ ба шуур ва маънавиёти ҷомеа тавассути васоити ахбори омма, ки дорои неруи бузурги таъсиррасонӣ мебошанд,  эҳсос мегардад ва дар баробари талқини сулҳу субот ва неъмати оромӣ ҳамзамон иттилоот ва ВАО дар тарғибу ташвиқи ақидаҳои гурӯҳу созмонҳои террористӣ, ки ин зуҳурот бошандагони сайёраро ба ҷунбиш овардааст, нақши гӯшношунид  касб кардааст. Ҳамзамон ВАО дар  амалӣ намудани манфиати ин ё он қувваву гурӯҳҳои муайян ба тариқи конкретӣ истифода мешавад ва таҷрибаи дилхоҳеро низ баҳри қувваҳои манфиатҷӯ ба бор овардааст. Ҳамагон бояд донанд, ки таассуб дар ҳар шакли ба омма дастрас, метавонад хушунатзо бошад. Он, ки тафаккури таассубӣ дорад, ба терроризму ифротгароӣ ба осонӣ гузариш мекунад. Террорист аҳли гуфтугӯ ва муколама нест. Таассуби динӣ нисбат ба илм, мухолифати меҳробу минбар роҳест ба сӯйи бунбасти тафаккур, роҳест, ки инсонро ба нокуҷо мебарад. Ба гуфтаи Абурайҳони Берунӣ, «таассуб чашмҳои биноро кӯр мекунаду гӯшҳои шунаворо кар месозад». Террористону ифротгароён воқеияти зиндагиро дуруст дарк намекунанд, аз воқеияту рӯйдодҳо хулосаҳои нодуруст мебароранд. Онҳо аксар вақт аз аҳкоми динӣ донишҳои ноқис доранд. Вокунишашон ба андешаю амали дигарон хушунатбор аст.

Имрӯз телевизион, радио, рӯзнома, маҷалла, сомона, портал,  шабакаҳои иҷтимоӣ, интернет ба фазо ва минбари муборизаҳои иттилоотӣ табдил ёфтаанд.

Муҳорибаҳои иттилоотӣ бо истифода аз роҳу усулҳои мухталифи техникӣ ва электронӣ ба роҳ монда мешаванд. Назорати вазъи мубориза, ҳифзи иттилоъ, ҷанги киберӣ, ҷанги электронӣ, терроризми иттилоотӣ, муҳосираи иттилоотӣ, ҷанги психологӣ, ҷосусии саноатӣ ва иқтисодӣ номгӯи нопурраи воситаҳои муборизаи иттилоотӣ ба шумор меравад.

Яроқу аслиҳа барои ҷангҳои анъанавӣ макон, вақт ва шароити хоссаро талабгор аст. Аслиҳаи иттилоотӣ имкони истифодаи доимӣ, мунтазам, давомноку тӯлониро  фароҳам меорад. Ҳамин аст, ки ҷанги иттилоотӣ муосир ва доимӣ ҳисобида шуда, муборизаи иттилоотӣ ба муборизаи устувору фарогир табдил ёфтааст.

АКС: АМИТ «Ховар»/манбаъҳои боз

Май 14, 2023 11:35

Хабарҳои дигари ин бахш

СОЛИ 2025 — СОЛИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ҲИФЗИ ПИРЯХҲО. Дар ин сол Тоҷикистон мизбони Конфронси байналмилалии сатҳи баланд оид ба ҳифзи пиряхҳо мегардад
ТАВСИЯИ СУДМАНД. Ҳангоми гарм кардани хонаҳо бо ангишт қоидаҳои махсуси истифодаи онро риоя намоед
ИНТИХОБОТ-МАЪРАКАИ МУҲИМИ СИЁСӢ. Он ягона чорабинии сиёсӣ аст, ки дар он ҳама ҳуқуқи иштироки баробар, ошкоро ва озод доранд
Соли 2024 дар таърихи мушоҳидаҳо соли аз ҳама гармтарин эътироф гардид
МАСЛИҲАТИ МУТАХАССИС. Ҳангоми зуком сайру гашт дар ҳавои тоза ва худдорӣ аз ҷойҳои серодам тавсия дода мешавад
МАСЛИҲАТИ МУТАХАССИС. 6 маҳсулоте, ки бояд дар фасли зимистон истеъмол намуд
«БЕҲТАРИН ОИЛАИ ҲУНАРМАНД». Қутбия Наимова бо ҳунари нонпазӣ ба даври ҷумҳуриявии озмун роҳ ёфт
ҲАР ОН КАС КИ ШОҲНОМАХОНӢ КУНАД. Андешаҳои профессор Нуралӣ Нурзод вобаста ба баргузории озмуни «Шоҳномахонӣ»
Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон чун неруи пешбари ҷомеа мардумро ба ободонию созандагӣ роҳнамоӣ менамояд
Ҷойгоҳи паёмҳои Президенти Тоҷикистон дар таъсиси ниҳодҳои хос оид ба ҳифзи ҳуқуқи инсон назаррас аст
ҲИЗБИ СОЗАНДАИ ДАВЛАТИ МИЛЛӢ. Андешаҳо дар мавриди 30-солагии таъсиси Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон
НЕРУИ СИЁСИИ ПУРИҚТИДОР ВА МАКТАБИ ТАРБИЯИ КАДРҲОИ ТАВОНО. Ба ифтихори 30-солагии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон