35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. То ин ҷашн дар Турсунзода роҳҳои байнидеҳавӣ пурра таъмиру навсозӣ мешаванд

Июнь 23, 2023 17:00

ДУШАНБЕ, 23.06.2023 /АМИТ «Ховар»/. Тавре қаблан иттилоъ  додем,  ибтидои моҳи июн дар деҳаи Нақшбандони  Ҷамоати деҳоти «10-солагии Истиқлолият»-и шаҳри Турсунзода  ба мумфаршкунии 1 км роҳи байнидеҳавӣ оғоз намуданд. Дар дигар деҳот низ  ин корҳо идома дошта, тибқи нақша,  то таҷлили Ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон роҳҳои байнидеҳавии ҳудуди деҳоти шаҳр  пурра таъмиру навсозӣ карда мешаванд. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Турсунзода хабар медиҳад.

Дар идомаи ҳамин созандагию бунёдкориҳо,  дар Ҷамоати деҳоти «Сешанбе» бо иқдоми Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Турсунзода, роҳбарияти ҷамоати деҳот, сокинони саховатпеша  ва соҳибкорони бонангу номуси маҳаллӣ  ҷиҳати сазовор истиқбол гирифтани ин ҷашни фархундаи миллӣ   боз ба навсозии 1 км роҳи байни деҳа оғоз карда шуд.

Соли 2023 дар ҳудуди ҷамоату деҳоти шаҳри Турсунзода бо иқдоми мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр, сокинони ватандӯсту соҳибкорони саховатпеша корҳои тармиму навсозии роҳҳои маҳаллӣ  вусъат меёбад.

АКС: Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Турсунзода

Июнь 23, 2023 17:00

Хабарҳои дигари ин бахш

ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТИИ ТОҶИКИСТОН-ЗАМИНАИ ҲИФЗУ ГУСТАРИШИ АРЗИШҲОИ МИЛЛӢ. Дар ҳошияи фармони Президенти Тоҷикистон «Дар бораи ҷашн гирифтани 40-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон»
Дар назди чор муассисаи таълимии шаҳри Ҳисор биноҳои иловагӣ сохта мешаванд
«БАРНОМАИ ДАВЛАТИИ РУШДИ МУАССИСАҲОИ СОҲАИ МАОРИФИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН». Дар доираи он бунёди 165 иншоот ба нақша гирифта шудааст
Хобгоҳи Коллеҷи омӯзгории шаҳри Ҳисор баъд аз навсозӣ ба истифода дода шуд
Корҳои омодагӣ ба ҷашни 40-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон оғоз гардиданд
Дар ноҳияи Деваштич иншооти гуногуни иҷтимоӣ ба истифода дода шуданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон ба таври фосилавӣ як қатор иншооти таъиноти гуногунро дар вилояти Суғд мавриди истифода қарор доданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Хуҷанд тарабхонаи «Форел Платинум»-ро мавриди истифода қарор доданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар минтақаи озоди иқтисодии Суғд корхонаи нӯшокиҳои ташнагишикани ҶДММ «Райан»-ро ба истифода доданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Деваштич муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №70-ро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Деваштич корхонаи коркарди меваю сабзавот ва истеҳсоли афшураи ҶДММ «Витаминҳои Тоҷикистон»-ро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба таври фосилавӣ дар шаҳри Истаравшан 12 иншоотро мавриди истифода қарор доданд