Амири Давлати Қатар Шайх Тамим ибни Ҳамад Оли Сонӣ бо сафари давлатӣ ба Ҷумҳурии Тоҷикистон ташриф овард

Июнь 8, 2023 13:38

ДУШАНБЕ, 08.06.2023 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз, 8 июн Амири Давлати Қатар Шайх Тамим ибни Ҳамад Оли Сонӣ бо сафари давлатӣ ба Ҷумҳурии Тоҷикистон ташриф овард, хабар медиҳад АМИТ «Ховар».

Дар Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе Амири Давлати Қатар Шайх Тамим ибни Ҳамад Оли Сониро Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҳмадтоир Зокирзода ва дигар шахсони расмӣ пешвоз гирифтанд.

Дар доираи ин сафар мулоқоти Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо Амири Давлати Қатар Шайх Тамим ибни Ҳамад Оли Сонӣ баргузор гардида, маҷмуи васеи масъалаҳои марбут ба ҳамкории дуҷониба баррасӣ хоҳад шуд.

АКС: АМИТ «Ховар»

Июнь 8, 2023 13:38

Хабарҳои дигари ин бахш

Сафири Тоҷикистон дар мулоқот бо аъзои гурӯҳи парлумонии «Олмон ва Осиёи Марказӣ»-и Бундестаги Олмон иштирок кард
Дар Бейрут дурнамои рушди муносибатҳои дуҷонибаи Тоҷикистону Лубнон баррасӣ шуданд
Ҳоким Холиқзода дар ҷаласаи навбатии Шурои иқтисодии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил иштирок намуд
Сафири Тоҷикистон бо Вазири сайёҳии Лубнон мулоқот намуд
Дар Кувайт бахшида ба ҷашнҳои давлатии Тоҷикистон чорабинӣ баргузор шуд
Сафири Тоҷикистон дар Озарбойҷон бо Раиси раёсати ширкати «Agricore Group MMC» мулоқот намуд
Тоҷикистон ва Полша густариши ҳамкориро баррасӣ карданд
Қоҳир Расулзода бо Вазири саноат ва савдои Федератсияи Русия Антон Алихонов мулоқот намуд
Сафири Тоҷикистон бо Вазири корҳои хориҷии Лубнон мулоқот намуд
Иқтидори сайёҳии Тоҷикистон дар барномаи телевизионии «Оralar»-и Озарбойҷон муаррифӣ гардид
Сафири Тоҷикистон дар Арабистони Саудӣ бо Дабири кулли Созмони ҳамкории исломӣ мулоқот намуд
Дар қароргоҳи ЮНЕСКО дар Париж консерти ҳунармандони Тоҷикистон баргузор гардид