Ҷамшед Обидзода: «Ваҳдати тоҷикон самараи заҳмату талошҳои сулҳофарии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аст»

Июнь 17, 2023 15:42

ДУШАНБЕ, 17.06.2023. /АМИТ «Ховар»/. Шарти асосии рушди низоми демократӣ, ки бисёрҳизбӣ яке аз рукнҳои муҳими он аст, пеш аз ҳама сулҳу суботу комил буда, дар Тоҷикистони соҳибистиқлол бо ҷидду ҷаҳди Президенти мамлакат барои шаклгирии он заминаи хуб фароҳам оварда шудааст. Чунин изҳори андеша намудааст унвонҷӯи Институти фалсафа, сиёсатшиносӣ ва ҳуқуқи ба номи А.Баҳоваддинови Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон Ҷамшед Обидзода дар мақолаи худ, ки ба унвони АМИТ «Ховар» ворид шудааст. Номбурда дар идома чунин изҳори назар намудааст: 

— Моҷароҳои сиёсии аввалҳои солҳои навадуми қарни ХХ, ки дар Тоҷикистон ба вуқӯъ пайваста буд ва гирдиҳамоиҳои пайдарпай, ки ба таъкиди коршиносон,  ба «маҷлисҳои доимоамалкунанда» шабоҳат дошт, мардуми Тоҷикистони тозаистиқлолро ба дарёфти қувваи нави сиёсӣ, ки тавониста бошад хашми рақибон ва бадбинии онҳоро нисбат ба якдигар хомӯш намояд, водор менамуд. Ҳар қувваи сиёсӣ, ки аксаран  бо дастгириву роҳнамоии молиявии бархе кишварҳои хориҷӣ ба вуҷуд омада буданд, мехостанд  ҳокимиятро ихтиёрдорӣ ва халқро роҳбарӣ намуда бошанд.

Бо таъсири маҳфили сиёсии «Рӯ ба рӯ», ки бо ташаббуси Иттифоқи ҷавонони Тоҷикистон ҳанӯз дар охирҳои соли 80-ум асри гузашта ташкил гардида буд, оғози солҳои навадуми қарни ХХ дар минтақаҳои мухталифи мамлакат маҳфилҳои «Ошкоро», «Дирафши Ковиён», «Эҳёи Хуҷанд», ҷунбишу созмонҳои «Лаъли Бадахшон», «Самарқанд», «Суғдиён», «Бохтар», «Ҳисори Шодмон», «Зарафшон» ва ғайра таъсис ёфтанд, ки асосан аз манфиатҳои маҳалҳои алоҳида ҳимоят менамуданд.

Зиёд будани чунин созмону ҷунбишҳои сиёсӣ дар аввалин солҳои соҳибиқлолии мамлакат, ки он замон дар шуури сиёсии мардум доир ба низоми давлатдории демократӣ тасаввуроти камтаре мавҷуд буд, авзои сиёсиро боз ҳам муракаббтар намуда, гоҳо боиси ба гурўҳҳои вобаста ба маҳали зодгоҳи худ ҷудо шудани мардумон ва даст ба ҳаргуна муноқишаҳо задани онҳо мегардид.

Дар ин маврид Раиси Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон 31 декабри соли 1992 таъкид дошта буданд, ки «на танҳо вилоятҳои том, балки ноҳияҳову қишлоқҳо ҳам аз якдигар роҳи ҷудоиро меҷўстанд. Созмонҳои гуногуни маҳаллӣ бо номи «Лаъли Бадахшон», «Ҳамдилон», «Меҳри Хатлон», «Ҳисори Шодмон», «Истаравшан», «Зарафшон» ва ғайра арзи вуҷуд карданд, ки сарфи назар аз ниятҳои неки худ ба якпорчагии Ватани азизамон мусоидат намекарданд».

Албатта, пас аз муҳлати тӯлонии ҳукмронии низоми яккаҳизбӣ якбора ба шароити соҳибистиқлолӣ мутобиқ шудан кори осон набуд. Мушкилии асосии дар ин самт,  агар аз як тараф надоштани таҷриба дар самти бунёди давлати демократӣ ва самти иҷтимоидошта бошад, аз ҷониби дигар тафаккур ва руҳияи дар замони пеш аз истиқлол ташаккулёфта, барои қабули низоми демократӣ ва  мамлакати  соҳибихтиёр ба таври кофӣ омода нашуда буд.

Ин аст, ки гурўҳу созмонҳои алоҳидаи манфиатхоҳ аз вазъияти баамаломада моҳирона истифода бурда, мехостанд ҳадафҳои нопоки худро амалӣ намоянд. Баъди нокомиҳои зиёди ба сари халқи тоҷик омада, ба вакилони Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон муяссар гардид, ки дар шаҳри Хуҷанди вилояти Ленинобод (ҳозира Суғд) Иҷлосияи шонздаҳуми Шӯрои Олиро баргузор намоянд ва дар он масъалаи бозхонди Раиси Шӯрои Олии амалкунанда Акбаршоҳ Искандаров ва интихоби Раиси нави Шӯрои Олиро баррасӣ намоянд.

Дар натиҷаи овоздиҳии пинҳонӣ Раиси Комиҷроияи вилояти Кӯлоб, вакили мардумӣ Эмомалӣ Раҳмонов бо гирифтани аксарияти кулли овозҳо Раиси Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки он давра ҳамзамон Сарвари давлат ба ҳисоб мерафт, интихоб гардиданд.

Дар назди роҳбарияти нави  мамлакат дар баробари иҷрои нақшаҳои бузурги таърихӣ, ба эътидол овардани вазъи сиёсиву иқтисодӣ, барқарор намудани робитаву ҳамкорӣ  бо кишварҳои хориҷ, муҳимтарин масъала – таъмини сулҳу суботи оромии комили ҷомеаи Тоҷикистон ва ба Ватан баргардонидани гурезаҳои иҷборӣ қарор дошт.

Бинобар ин, баъди интихоб шудан ба ҳайси Раиси Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар нахустин Муроҷиатномаи худ ба халқи шарифи Тоҷикистон 12 декабри соли 1992, таъкид намуда буданд, ки «тамоми донишу таҷрибаамро барои дар ҳар хона ва ҳар оила барқарор шудани сулҳ равона карда, барои гулгулшукуфии Ватани азизам садоқатмандона меҳнат мекунам. Барои ноил шудан ба ин нияти муқаддас агар лозим шавад, ҷон нисор мекунам, чунки ман ба ояндаи Ватанам ва ҳаёти хушбахтонаи халқи азияткашидаам бовар дорам».

Маҳз бо талоши  Ҳукумати навтаъсиси Тоҷикистони соҳибистиқлол таҳти роҳбарии муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон  9 марти соли 1996 Аҳдномаи ризояти ҷомеаи Тоҷикистон аз ҷониби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси Маҷлиси Олӣ  ва 32 ҳизби сиёсӣ, иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ ва созмонҳои миллию фарҳангӣ ба имзо расид, ки он заминаи мусоиде барои таъмини сулҳ, оштии миллӣ ва таҳкими Истиқлоли давлатии Тоҷикистон гардид.

Аз 5 апрели соли 1994 то 27 июни соли 1997 бо кӯшишу талошҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон 8 давраи музокирот бо мухолифин баргузор гардида, шаш маротиба Сарвари давлат  бо роҳбарони иттиҳоди мухолифини тоҷик мулоқот намуда буданд.

Баъдан бо кӯшишу талошҳои пайвастаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон 27 июни соли 1997 дар шаҳри Москваи Федератсияи Русия «Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва созгории миллӣ» ба имзо расида, марҳилаи нави созандагиву ободонии мамлакат шурӯъ гардид.

Пас аз имзои Созишномаи мазкур Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи тадбирҳои иловагии иҷрои Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва созгории миллӣ дар Тоҷикистон» аз 14 июли соли 1996 ба тавсиб расида, дар ин замина қарори дахлдори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз  14 июли соли 1996 қабул гардид, ки ба раванди минбаъдаи истиқрори сулҳу суботи комил дар мамлакат заминаи мусоиди ҳуқуқиро фароҳам овард.

18 июли соли 1997 таъсис ёфтани Ҳаракати ваҳдати миллӣ ва эҳёи Тоҷикистон, ирсоли «Номаи садоқат»-и фармондеҳони ҳамаи сохторҳои низомӣ ва аъзоёни собиқ фронти халқӣ ба унвони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Сарфармондеҳи Олии Қувваҳои Мусаллаҳи мамлакат, ки  23 июли соли 1997 дар ҷамъомади ҳамаи фармондеҳони сохторҳои низомӣ ва аъзоёни собиқ фронти ҳарбӣ қабул гардида буд, раванди сулҳ ва осоиштагии ҷомеаро боз ҳам тавсеа бахшид.

Ин аст, ки дар саҳни сиёсии давлат дар фазои сулҳу субот аҳзоби сиёсӣ ба фаъолият оғоз бахшиданд ва ба ҷараёни низоми давлатдории демкоратӣ саҳмгузор шуданд. Ҳарчанд дар оғози солҳои соҳибистиқлолии Тоҷикистон баъзе гурўҳҳо ва ҳизбҳои сиёсӣ (аз ҷумла Ҳизби террористии наҳзати ислом) бо роҳнамоии хоҷагони хориҷӣ мехостанд бо ҳар роҳу восита ҷонибдорони худро зиёд намуда, зимоми давлатдориро ғайриқонунӣ ба даст гиранд, хушбахтона ба ҳадафҳои нопоки худ нарасиданд.

Воқеан, баъди имзои Созишномаи истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ ҳизбҳои сиёсии Тоҷикистон дар муқоиса бо аввали солҳои Истиқлоли давлатӣ  мамлакат хеле рушд намуд. Маҳз туфайли сиёсати хирадмандонаи  Пешвои миллат  муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баъди ба даст овардани истиқлол бунёди давлати демократӣ, ҳуқуқбунёд ва дунявӣ оғоз гардида, дар ин давра ба дастовардҳои назарраси сиёсиву иқтисодӣ ва иҷтимоӣ ноил шуд. Яъне, баъди талошу заҳматҳои зиёди Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон  барқарории сулҳу суботи комил, қабул гардидани санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ, ки низоми бисёрҳизбиро муайян менамояд, имконият фароҳам омад, ки аҳзоби сиёсӣ дар  мамлакат ба фаъолият шурӯъ намоянд.

Ин аст, ки баъди ба даст омадани сулҳу оштӣ ва заминагузорӣ ба оромию амнияти мамлакат барои фаъолияти Ҳизби коммунистии Тоҷикистон, Ҳизби демократии Тоҷикистон, Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон ва Ҳизби сотсиалистии Тоҷикистон имконияти хубтару беҳтар фароҳам оварда шуда, дар фазои сиёсии ҷумҳурӣ  боз се ҳизби дигар – Ҳизби сотсиал-демократии Тоҷикистон (соли 2002), Ҳизби ислоҳоти иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон (соли 2005) ва Ҳизби аграрии Тоҷикистон (соли 2005) таъсис ёфтанд.

АКС аз бойгонии муаллиф

Июнь 17, 2023 15:42

Хабарҳои дигари ин бахш

МАСЛИҲАТИ МУТАХАССИС. Ҳангоми зуком сайру гашт дар ҳавои тоза ва худдорӣ аз ҷойҳои серодам тавсия дода мешавад
МАСЛИҲАТИ МУТАХАССИС. 6 маҳсулоте, ки бояд дар фасли зимистон истеъмол намуд
«БЕҲТАРИН ОИЛАИ ҲУНАРМАНД». Қутбия Наимова бо ҳунари нонпазӣ ба даври ҷумҳуриявии озмун роҳ ёфт
ҲАР ОН КАС КИ ШОҲНОМАХОНӢ КУНАД. Андешаҳои профессор Нуралӣ Нурзод вобаста ба баргузории озмуни «Шоҳномахонӣ»
Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон чун неруи пешбари ҷомеа мардумро ба ободонию созандагӣ роҳнамоӣ менамояд
Ҷойгоҳи паёмҳои Президенти Тоҷикистон дар таъсиси ниҳодҳои хос оид ба ҳифзи ҳуқуқи инсон назаррас аст
ҲИЗБИ СОЗАНДАИ ДАВЛАТИ МИЛЛӢ. Андешаҳо дар мавриди 30-солагии таъсиси Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон
НЕРУИ СИЁСИИ ПУРИҚТИДОР ВА МАКТАБИ ТАРБИЯИ КАДРҲОИ ТАВОНО. Ба ифтихори 30-солагии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон
ИМРӮЗ-РӮЗИ ГЕОЛОГҲОИ ТОҶИКИСТОН. «Атласи равандҳои экзогениву геологии Ҷумҳурии Тоҷикистон» таҳия гардид
ДАР ҲАМБАСТАГӢ БАР ЗИДДИ КОРРУПСИЯ МУҚОВИМАТ НАМОЕМ! Мубориза бо ин зуҳуроти номатлуб дар сиёсати давлатии Тоҷикистон масъалаи асосӣ аст
Конҳои Тоҷикистон дорои зиёда аз 60 навъи ашёи хоми маъданию ғайримаъданӣ мебошанд
МЕҲРГОН-ИДИ МЕҲРУ МУҲАББАТ. Ин ҷашни бостонии тоҷикон ба Феҳристи репрезентативии мероси фарҳанги ғайримоддии башарият ворид гардид