Бонки миллии Тоҷикистон ба «Ташкилоти суғуртавии Такаффул» барои ду соли оянда иҷозатнома дод

Июнь 29, 2023 18:15

ДУШАНБЕ, 29.06.2023 /АМИТ «Ховар»/. Бо қарори Раёсати Бонки миллии Тоҷикистон  ба Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди /ҶДММ/ «Ташкилоти суғуртавии Такаффул» барои амалӣ намудани фаъолияти суғуртавӣ тавассути аз нав ба расмият даровардан ба муҳлати то 22 сентябри соли 2025 иҷозатнома дода шуд.

Тавре АМИТ «Ховар» бо истинод ба Бонки миллии Тоҷикистон иттилоъ медиҳад, тасмими мазкур бинобар сабаби тағйир ёфтани маҳалли ҷойгиршавии ҶДММ «Ташкилоти суғуртавии Такаффул» тибқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи иҷозатномадиҳӣ ба баъзе намудҳои фаъолият» ва Низомнома дар бораи хусусиятҳои иҷозатномадиҳӣ ба баъзе намудҳои фаъолият гирифта шудааст.

Дар асоси қарори мазкур иҷозатномаи ҶДММ «Ташкилоти суғуртавии Такаффул», ки бо қарори Раёсати Бонки миллии Тоҷикистон аз 9 июни соли 2022, ҷиҳати амалисозии фаъолияти суғуртавӣ дода шудааст, аз эътибор соқит дониста шуд. Дар робита ба ин Идораи назорати суғуртавӣ уҳдадор гардид, ки дар Феҳристи ягонаи давлатии иштирокчиёни касбии бозори суғурта сабти дахлдорро ворид намояд.

 АКС аз манбаъҳои боз

Июнь 29, 2023 18:15

Хабарҳои дигари ин бахш

ҚУРБИ АСЪОР: 1 евро аз 10.2200 то 10.2472 сомонӣ муқаррар гардидааст
ҚУРБИ АСЪОР: 1 доллари ИМА аз 9.1400 то 9.2086 сомонӣ муқаррар гардидааст
ҚУРБИ АСЪОР: 1 доллари ИМА аз 9.2400 то 9.2500 сомонӣ муқаррар гардидааст
Ҳаҷми умумии қарзҳои додашуда дар Тоҷикистон 25,5 фоиз зиёд гардидааст
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.1010 то 0.1126 сомонӣ муқаррар гардидааст
МАЪРИФАТИ МОЛИЯВӢ. Дар ноҳияи Рӯдакӣ Фестивали саводнокии молиявӣ гузаронида шуд
Дар Душанбе самтҳои ҳамкорӣ бо ҳайати Палатаи савдои хориҷии Олмон баррасӣ гардид
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.1020 то 0.1125 сомонӣ муқаррар шудааст
ҚУРБИ АСЪОР: 1 доллари ИМА аз 9.1400 то 9.2093 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар Душанбе самтҳои баланд бардоштани сатҳи саводнокии молиявии кӯдакону ҷавонон баррасӣ гардиданд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 евро аз 10.0500 то 10.3287 сомонӣ муқаррар шудааст
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.1030 то 0.1144 сомонӣ муқаррар шудааст